Jump to content

Шаҳноз Комилзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳноз Комилзода
форсӣ: شهناز کامل‌زاده
Ном ҳангоми таваллуд Комилзода Шаҳнози Аҳмадшоҳ
Таърихи таваллуд 1 январ 1982(1982-01-01) (42 сол) ё 29 декабр 1981(1981-12-29) (42 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша рӯзноманигор, филмноманавис, блогнавис
Падар Аҳмадшоҳ Комилзода

Шаҳноз Комилзода (Комилзода Шаҳнози Аҳмадшоҳ; зод. 1 январ 1982 ё 29 декабр 1981, Душанбе) — рӯзноманигор[1][2], блогнавис ва фаъоли маданӣ. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз 2012).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳноз Комилзода 1 январи соли 1982 дар шаҳри Душанбе хонаводаи рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода ба дунё омадааст[3]. Як муддат, бино бар нооромиҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, Шаҳноз ва хонаводаи онҳо дар солҳои 1995—1997 ба Эрон кӯч бастанд. Ӯ дар соли 1998 аз дабиристон фориғуттаҳсил шуд. Ва дар ҳамон сол вориди факултети таърих, бахши равобити байнулмилали Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон шуд ва дар соли 2003 бо мадраки диплумосӣ аз он фориғуттаҳсил шуд[4].

Шаҳноз иштирокдори омӯзишҳои чандрасонаӣ, рӯзноманигории ҳирфаӣ ва мудирияти равобити умумӣ дар Вашингтон (2003), Теҳрон (2007), Маскав (2012), Сочи (2013), Душанбе (2015), Алматӣ (2015), Маскав (2017) мебошад.

Шаҳноз Комилзода дар соли 2003 бо Баҳрин Қаноъат (набераи Мӯъмин Қаноъат) издивоҷ кард, ки ҳосили ин издивоҷ ду фарзанд — як писару як духтар бо номҳои Сурӯш ва Мумтоз Баҳрин ҳастанд[5][6][7].

Соли 1999, зимни таҳсил аз тарафи Донишгоҳ ӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба маркази матбуоти Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карданд, ки баъдан дар онҷо аз сентябри 2001 то декабри 2002 ба унвони рӯзноманигор ва мутарҷим кор кард. Ҳамзамон бо таҳсил, аз декабри 2000 то сентябри 2001 дар шабакаи телевизиюнии давлатии «ТВТ» ба унвони сармуҳаррири барномаҳои ҷавонон машғул ба кор шуд. Аз декабри 2002 то июли 2008 ба унвони рӯзноманигор, раиси «Родию Фардо» кор мекард. Пас аз фориғуттаҳсилӣ аз донишгоҳ, ҳамзамон бо «Родию Фардо» аз январи 2005 то сентябри 2006 ба унвони сухангӯ дар созмони ғайридавлатии «Модар» машғул ба кор шуд. Аз 4 сентябри 2006 ба унвони муовини сармуҳаррири барномаҳои фарҳангӣ-тафреҳии «ТВ Баҳористон» фаъолият кард. Аз январи 2008 то феврали 2009 ба унвони рӯзноманигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва ҳамзамон аз июли 2008 то июни 2009 ба унвони котиби масъули замимаи «Бозаргон»-и ҳафтанома «Миллат» машғул ба кор буд. Аз марти 2010 то ноябр 2011 котиби масъули рӯзномаи «Иқтисод» Институти иқтисодиёти Тоҷикистон буд. Аз ноябри 2011 то январи 2015 ба унвони мудири равобити умумӣ дар ширкати «МегаФон Точикистон», аз январи 2015 то октябри 2017 ба унвони мутахассиси бахши мудирияти C&B кор кардааст. Аз феврали 2018 бо ширкати «55 Group» ва ҳамзамон аз феврали 2019 ба унвони намояндаи расмии ТВ «Iran International» дар Тоҷикистон кор мекунад. Донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳадди васат) мебошад.

Синамо ва телевизиюн

[вироиш | вироиши манбаъ]

Филмноманависи филми синамоии «Тақдир» (коргардон Аслам Ёдгоров, 2009)[8], нависанда ва коргардони бисёре аз барномаҳои телевизиюнӣ монанди «Субҳи ҷавонӣ», «Бӯстони Алифбо», «1,2,3,4» ва чандин барномаҳои ҷашнии зинда мебошад.

  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012);
  • Радабандии «Global Voices» дар бахши «Маликаи шабака» (Queen of the Networks) (Who Rule the Roost on Facebook; 2016)[9][10].
  1. И ОДНА В ПОЛЕ ВОИН. Это о Шахноз Комилзода, похожей на главную героиню одноименного американского фильма(рус.). НИАТ "Ховар". 15 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 ноябри 2022.
  2. Global Voices определила 6 самых популярных в Facebook таджикских женщин. asiaplustj.info. ASIA-Plus (9 марти 2016). 15 ноябри 2022 санҷида шуд.
  3. Барот Юсуфӣ. Шаҳноз Комилзода: Кор ва оила дар ду паллаи тарозу(тоҷ.). Радиои Озодӣ (7 марти 2013). 15 ноябри 2022 санҷида шуд.
  4. Выпускники / Graduates(англ.). THE NEW GENERATION OF TAJIK DIPLOMACY (12 March 2012). 15 ноябри 2022 санҷида шуд.
  5. Диалог. Когда срывается отдых из-за ошибки в документе(рус.). www.dialog.tj (29 апрели 2016). 15 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 ноябри 2022.
  6. 'It's Really Hard': Working Mothers Talk, From Tajikistan To Czech Republic(англ.). RadioFreeEurope/RadioLiberty. 15 ноябри 2022 санҷида шуд.
  7. Sputnik Тоҷикистон. Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (6 июни 2020). 15 ноябри 2022 санҷида шуд.
  8. Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 14 август: Нахустнамоиши филми “Тақдир”(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian (14 августи 2009). 15 ноябри 2022 санҷида шуд.
  9. Annika Milisic-Stanley Art. Six Tajik Mothers Who Rule the Roost on Facebook(англ.). Global Voices (8 March 2016). 16 ноябри 2022 санҷида шуд.
  10. Шесть матерей из Таджикистана, которые задают тон на Facebook(рус.). Global Voices по-русски (13 марти 2016). 16 ноябри 2022 санҷида шуд.