Jump to content

Шоиста Муллоҷонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоиста Муллоҷонова
Муллоҷонова Шушона Рубеновна
Таърихи таваллуд 3 сентябр 1925(1925-09-03)
Зодгоҳ Сталинобод, Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 26 июн 2010(2010-06-26) (84 сол)
Маҳалли даргузашт Ню Йорк, ИМА
Солҳои фаъолият аз 1941
Кишвар
Пеша(ҳо) сарояндаи опера, омӯзгори мусиқӣ
Навъи садо Сопрано
Сабк шашмақом
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Шоиста Муллоҷонова (Муллоҷонова Шоиста Рубеновна; 3 сентябри 1925, Сталинобод, ҶАШС Тоҷикистон, ИҶШС — 26 июни 2010, Ню-Йорк, ИМА) — овозхон, омӯзгори суруд ва мусиқӣ, Ҳунарпешаи Халқии ҶШС Тоҷикистон (1957).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоиста Муллоҷонова (Шушана Рубеновна Муллоджанова) 3 сентябри соли 1925 дар шаҳри Сталинобод дар хонаводаи яҳудии Рубен ва Сивиё Муллоҷоновҳо ба дунё омад. Аз соли 1941 овозхони гурӯҳи рубобнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар солҳои 1944—1958 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ[1] буд. Ӯ ҳамзамон дар соли 1953 Консерваторияи давлатии Москваро хатм кардааст.

Солҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ[1] ҳунарнамоӣ карда бисёр нақшҳоро, аз ҷумла Маҳин (дар операи А. Ленский «Тоҳир ва Зуҳра»), Гулизор (дар асари С. Баласанян «Шӯриши Восеъ»), Марфа (дар «Царская невеста»), Виолетта; Гулчеҳра (дар операи У. Ҳоҷибеков «Аршин мал алан»), Микаэла ва дигар нақшҳоро иҷро карда аст.

Соли 1958 яккасарои Филармонияи давлатии Тоҷикистон шуд ва сафарҳои ҳунарӣ ба Ҳиндустон, Индонезия, Финландия, Франсия, Юнон, Нидерландия, Дания, Таиланд, Исроил ва дигар кишварҳо дошт.

Аз соли 1975 устоди, дотсенти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд ва шогирдони зиёде тарбия кардааст.

Соли 1991 ҳамроҳ бо хонаводааш ба Амрико кӯчид ва дар Ню-Йорк бо ансамбли «Шашмақом» -и Фотима Куинова ва сипас бо ансамбли «Мақом»-и Илёс Маллаев ҳамкорӣ дошт ва ҳунарнамоӣ мекард.

Вай дар солҳои гуногун бо барномаҳои иборат аз таронаҳои классикӣ ва мардумӣ ба даҳҳо кишвари ҷаҳон сафар ва ҳунари тоҷикиро намоиш додааст. Ҳунаршиносон овози Шоиста Муллоҷонова — сопранои лирикиро яке аз навъҳои нодир арзёбӣ кардаанд.

Овозхони саршинос Шоиста Муллоҷонова 24 июни соли 2010 дар ҳоли беҳушӣ ба бемористони бахши Квинс дар Ню-Йорк интиқол дода шуд ва пизишкон вазъи ӯро сангин донистанд[2]. Вай пас аз се рӯзи бистарӣ дар бемористон рӯзи 26 июни соли 2010 даргузашт[3].

Шоиста Муллоҷонова 27 июни 2010 дар қабристони яҳудиёни Ню-Йорк дар Лонг Айланд ба хок супурда шуд.