Jump to content

Элиас Ҷон Уилкинсон Гибб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Элиас Ҷон Уилкинсон Гибб
Таърихи таваллуд: 3 июн 1857(1857-06-03)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 декабр 1901(1901-12-05)[1][2] (44 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: забоншинос, тарҷумон, шарқшинос, нависанда
Забони осор: инглисӣ[3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Элиас Ҷон Вилкинсон Гибб (англ. Elias John Wilkinson Gibb; 3 июни 1857, Глосгу, Шотландия  — 5 декабри 1901, Лондон) — шарқшиноси шотландӣ, мутахассиси туркшиносӣ, эроншиносӣ, фалсафа, мазоҳиби Эрону Араб ва китобшиносӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гибб 3 июни соли 1857 дар Глосгу ба дунё омадааст. Пас аз мутолиаи «Ҳазору як шаб» ба шарқшиносӣ моил гардид. Дар Донишгоҳи Глазго таҳсил карда, забонҳои туркӣ, форсӣ ва арабиро омӯхт. Дастнависҳои осори адабии туркиро ҷамъоварӣ кард ва ба омӯзиши онҳо машғул шуд. Феҳристи нусхаҳои хаттии арабӣ, суриёнӣ ва ибрии Донишгоҳи Гледскоро (ҳамроҳи Вебер) тартиб дод (дар маҷаллаи Анҷумани осиёии Лондон соли 1899 ба табъ расид).

Шоҳкори Гибб «Таърихи шеъри усмонӣ» дар 6 ҷилд мебошад, ки дар Лондон солҳои 1900—1909 чоп шудааст. Ин китоб ба шакли таърихи адабиёт аст. Дар ашъори шоирони турк дар тарҷумаи англисии Гибб шарҳу эзоҳоти ӯ, тарҷумаи ҳоли шоирон ҷой гирифтаанд. Гибб дар 44-солагӣ вафот кард. Модараш зани сарватманде буд ва ба ёди фарзандаш аз дороии худ маблағе барои чопи осори адабии шарқӣ ва пажӯҳиш дар шарқшиносӣ ҷудо кард. Дар асоси ин маблағ бунёде таъсис ёфт, ки бо номи «Авқофи Гибб» машҳур аст. Ба ҳайати ин бунёд шарқшиносони шинохтаи англис Эдвард Браун, Рейналд Николсон, Денисон Росс, Ластранҷ ва дигарон шомил буданд.

Дар қатори осори дигари адабиёти Шарқ бо маблағи «Авқофи Гибб» осори адабии форсӣ — «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Марзбоннома»-и Варовинӣ, «Таърихи Ҷаҳонкушой»-и Ҷувайнӣ (ҳар се бо тасҳеҳи Муҳаммад Қазвинӣ); «Кашфу-л-маҳҷуб»-и Ҳаҷвирӣ, «Маснавӣ»-и Мавлавӣ (ҳар ду бо тарҷумаву тасҳеҳ ва ташреҳи Николсон); «Нузҳату-л-қулуб»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ (ҳар ду бо тасҳеҳи Ластранҷ), «Таърихи Табаристон»-и Ибни Исфандиёр (ба кӯшиши Эдвард Браун) ва ғ. ба табъ расиданд.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  3. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  • Гибб Элиас Ҷон Уилкинсон / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.