Ғозӣ Машъал Аҷил ал-Ёвар
ар. غازي مشعل عجيل الياور | |
![]() | |
Таваллуд |
11 март 1958 (65 сол) |
Таҳсилот | |
Эътиқод | суннӣ |
![]() |
Ғозӣ Машъал Аҷил ал-Ёвар ( ар. غازي مشعل عجيل الياور - арбоби давлатии Ироқ. Вай аз 28 июни соли 2004 то 7 апрели соли 2005 вазифаи Президенти Ироқро бар уҳда дошт.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Ғозӣ Машъал Аҷил ал-Ёвар Соли 1958 дар Мосул таваллуд шудааст. Маълумоти олиро дар ИМА гирифта , дар Донишгоҳи Ҷорҷтауни Вашингтон дар соҳаи муҳандисӣ таҳсил кардааст. Солҳои зиёд дар Арабистони Саудӣ як ширкати телекоммуникатсионӣро идора мекард. Пас аз оғози ҷанги Ироқ Ғозӣ ал-Ёвар аз нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва сарнагунии Саддом Ҳусайн пуштибонӣ кард. Аз 28 июни соли 2004 то 7 апрели соли 2005 вазифаи Президенти Ироқро бар уҳда дошт.
Одатан дар назди мардум бо либоси анъанавии арабӣ зоҳир мешавад; аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва мазҳабии Ироқ пуштибонии васеъ дорад.
Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ҷадвали ҳокимони Ироқ(англ.) )
- Дар Ироқ Кӣ-кист: Ғози Явер(англ.) )