Jump to content

Қиёмиддин Чақалзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қиёмиддин Чақалзода
Қиёмиддин Чақалов
Таърихи таваллуд: 28 апрел 1945(1945-04-28)
Зодгоҳ: деҳаи Хуванд, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 14 апрел 2021(2021-04-14) (75 сол)
Маҳалли марг: ноҳияи Файзобод, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
Ҷоизаҳо: «Аълочии маданияти СССР»
«Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» (2008)
IMDb: ID 6902357

Қиёмиддин Чақалзода (Қиёмиддин Чақалов; 28 апрели 1945, деҳаи Хуванд, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 14 апрели 2021, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қиёмиддин Чақалов 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Қиёмиддин аз хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, узви маҳфили дастаи ҳаваскорони мактаб буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди ӯро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро барои фаъолият кардан ба театр даъват намуд. Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат шуд. Ӯ ҳаррӯз пас аз дарсҳо омадани Қиёмиддинро интизор шуда, бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.

Қиёмиддин пас аз хатми мактаби миёна мудати ду сол дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод фаъолият кард. Соли 1964 ӯро барои хидмат ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд. Ӯ хидматро дар ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 ба ватан баргашт. Фаъолияташро дар театри ноҳияи Файзобод давом дод[1].

Соли 1971 ба факултети актёри драма ва кинои Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дохил шуда, соли 1975 онро хатам кардааст.

Аз соли 1975 бо роҳхати вазорати фарҳанг ба Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба кор рафта ва то поёни умр ҳунарпешаи ҳамин театр буд.

Оиладор ва соҳиби 10 фарзанд мебошад.

Дар ин муддат дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ бисёр нақшҳои ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Шарифов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Сухсуров («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов), Ашӯр («Хонашерони майдонғариб»-и Ш. Қиёмов), Халил-афандӣ («Айнӣ»-и Ғ. Абдулло), Гӯрков («Гамлет»-и В. Шекспир), Атаман Дор («Кӯзаи гӯё»-и А. Абӯбакр), Искандар Маҳкамов («Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ), Мишка Земсов («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Азизулло («Фарзанди Осиё»-и Р. Қудратов), Маҳкам («Исёни арӯсон»-и А. Аҳмад), Суламӣ («Рудакӣ»-и С. Улуғзода), Ширинкор («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Генерал («Бо имзои Ленин»-и А. Атобоев), Туманчиков («Авлиё ва осӣ»-и М. Варфоломиев), Тешабой («Лайлатулқадр»-и Ю. Акобиров), Раҳимов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров), Сатторов («Ҳақиқати талх»-и С. Сафаров), Шер («Заргӯши доно»-и Ш. Қиёмов), ӯрмонқамиш («Мардҳо намегирянд»-и Ҷ. Қуддус), Қосид («Эдип»-и Софокл), Ҳасанлӣ (Қиёми Лоҳутӣ"-и А. Атобоев), Қаровул («Худкардаро даво нест»-и М. Холов), Шодиқулов («Ҷияни хира»-и Ш Солеҳ), Лақай («Парвози Сабзабаноз»-и М. Муҳаммадиев), Саргурба («Қиссаи аҷибу ғариб»-и Т. Аҳмадхонов), Аброр («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), М. Қосимов («Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ), Муҳаммади Башоро («Шоҳ Исмоил»-и М. Бахтӣ), Олим («Мусофир»-и Н. Абдуллоев), Даврон («Сӯробҳо»-и Н. Табаров), Ҳумон ва Ҳаҷир («Зуҳури навини Суҳроб»-и Ф. Умаров), Мудир Қайсар («Тахти султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ), Эрбуқохон («Темурмалик»-и М. Бахтӣ), Угаров («Бист дақиқа бо фаришта»-и А. Вампилов), Холмат («Бой ва Хизматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ).

Қиёмиддин Чақалов дар филмҳо низ нақш офаридааст:

  • сияҳсавор («Ашк ва шамшер»),
  • қассоб («Ҷазира»),
  • муаллим («Муҷассамаи ишқ»),
  • директории совхоз («Сароби хунин»)[1].

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маданияти СССР» дар соли 1979 сарфароз гардидааст.

Қиёмиддин Чақалов субҳи 14 апрели 2021 бар асари беморие, ки дошт, дар сини 76-солагӣ аз олам даргузашт[2].

  1. 1.0 1.1 Чил сол дар саҳна Бойгонӣ шудааст 24 ноябри 2017  сол. // Рӯзномаи «Миллат» — 9 феврали 2015.
  2. Даргузашти ҳунарманд ва ҳаҷвнигори саршинос Қиёмиддин Чақалов. Asia-Plus (14 апрели 2021).
  • Файзобод. Энсиклопедия. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4;
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  • Адабиёт: Боргоҳи сухан. Д., 2005;
  • Қиёми ҳунар Д., 2005.