Jump to content

Қурбоналӣ Абдулло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қурбоналӣ Абдулло
Қурбоналӣ Абдуллоев
Қурбоналӣ Абдулло дар соли 2005
Қурбоналӣ Абдулло дар соли 2005
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 23 апрел 1964(1964-04-23)
Зодгоҳ деҳаи Кӯпрукбошӣ, ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 11 январ 2021(2021-01-11) (56 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 1988—2020
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Гурӯҳ Ансамбли «Дарё»
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2007)

Қурбоналӣ Абдулло (Қурбоналӣ Абдуллоев; 23 апрели 1964, деҳаи Кӯпрукбошӣ, ноҳияи Орҷонкидзеобод — 11 январи 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони номдори тоҷик, Ҳунар­пешаи шоистаи Тоҷикистон (2007).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қурбоналӣ Абдуллоев 23 апрели соли 1964 дар деҳаи Кӯпрукбошии ноҳияи Орҷонкидзеобод дар дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз синфи чорум дар маҳфили овозхонҳои ҷавони мактаб ширкат мекард. Соли 1977 озмуни ҷумҳуриявии овозхонҳои наврас баргузор гардид ва дар он дар қатори баъзе аз хонандагони дигар баранда шуд. Баъдан ӯро ба барномаи «Садо деҳ, шайпурнавоз»-и телевизиони Тоҷикистон даъват карданд ва дар он барнома ду таронаеро бар ашъори устод Мирзо Турсунзода ва устод Боқӣ Раҳимзода суруд. Устодони ин ҳунар ба падару модараш тавсия доданд, ки таҳсилашро дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова идома диҳад. Дар ин мактаб Қурбоналӣ Абдуллоев то соли 1983 таҳсил намуда сипас баъди хатми он ба Донишкадаи олии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд[1].

Хидмат дар артиш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди як соли таҳсил ба сафи Артиши шӯравӣ даъват шуд. Ду сол дар вилояти Мурмански Федератсияи Русия хидмат карда дар он ҷо ҳам аз ҳунари овозхонӣ дур набуд. Дар оркестри нафасии қисми низомӣ сози баритонро менавохт ва ҳамзамон роҳбари бадеии ансамбли эстрадии қисми низомӣ буд. Дар радиои вилоятии Мурманск нуҳ таронаи тоҷикӣ сабту пешкаши шунавандагон кардааст.

Баъди адои хидмати дар артиш боз таҳсилро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон, факултаи мусиқии тоҷик дар шуъбаи мутрибӣ давом дод, дутори басро менавохту бисёртар бо овозхонӣ машғул мешуд. Дар факултет инчунин ансамбли созҳои миллӣ-суннатӣ вуҷуд дошт, ки роҳбараш Муҳаммадқул Ҷумъаев буд. Дар ин ансамбл ҳам солисти овозхон буд[1].

Фаъолияти ҳунарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми донишкада дар ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Aз соли 2015[2] то дами охир бознишаста буд. Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дораду бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.

Моҳи рамазони соли 2020, Қурбоналӣ Абдуллоев дар саҳифаи фейсбукииаш аз хотимаи фаъолияти ҳунарияш ва тарки саҳна хабар дод[2], ки чунин омадааст:

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Имруз, 12 майи 2020, банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам бисер узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи магфират маро мебахшед. Боқӣ АЛЛОҲ нигоҳбонатон, ОМИН.

[3]

Беморӣ ва даргузашт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қурбоналӣ Абдуллоев рӯзи 11 январи 2021 дар 56-солагӣ дар Душанбе даргузашт.[4][5] Бархе аз расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ гуфтаанд, ки овозхон чанд вақти ахир дар Беморхонаи сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе, бистарӣ буд[6].

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.