Бунафша Шокирова
Бунафша Шокирова | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 18 июн 1972 |
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод, Хатлон |
Таърихи даргузашт | 30 май 2022 (49 сол) |
Маҳалли даргузашт |
шаҳри Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Сабк | фолклор |
Гурӯҳ | Ансамбли Ганҷина, Ансамбли Дарё |
Бунафша Шокирова (18 июни 1972, ноҳияи Мӯъминобод, вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон — 30 майи 2022, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунафша Шокирова соли 1972 дар ноҳияи Мӯъминобод, ҷануби Тоҷикистон дар оилаи серфарзанд, ки 10 нафар буданд таваллуд шудааст. Ӯ аз овони хурдӣ меҳри овозхониро дар дил парварида ҳар вақте дар хонаашон танҳо мемонд ба сурудхониву рақсу доиразанӣ шурӯъ менамуд. Ӯ бисёртар ба Нуқра Раҳматова ва Сурайё Қосимова тақлид менамуд ва пайваста дар чорабиниҳои мактабӣ сурудхонӣ менамуд.
Бунафшаро соли 1987 аз тарафи мактаб ба озмуни «Бӯстонсароӣ» равон намуданд, ки ӯ дар жанри Шашмақом сурудеро иҷро намуд. Аз озмун каме баҳои паст гирифта рӯҳафтода шуд ва мехост ҳунарро тарк карда духтур шавад, вале Мирзоватан Миров овози ӯро шунида ба сарояндагӣ ташвиқаш намуда фикри Бунафша тағйир додааст. Ӯ инчунин барои иштирок дар озмун ба шаҳри Маскав низ сафар намуда барои иҷрои суруди «Алла» соҳиби медал низ гаштааст.
Бунафша фаъолияти худро бо даъвати Зафар Нозимов дар ансамбли «Ганҷина» оғоз намудааст. Баъд аз якчанд соли фаъолият аз сабаби нооромиҳо дар кишвар фаъолияташро дар онҷо қатъ намудааст. Соли 1998 ӯро Саидқул Билолов ба ансамбли «Дарё» даъват намудааст. Ӯ нахустин консерти бузурги худро соли 2001 дар Кохи Борбад бахшида ба «рӯзи Модарон» бо номи «Бунафша» баргузор намудааст. Ӯ бисёртар бо судури «Қисмати ман» машҳур гардидааст.
Соли 2003 ӯ консерти дигари худро дар якҷоягӣ бо Саъдии Буризод баргузор намуд. Дар ин консерт ӯ дар қатори дигар сурудҳояш, суруди тӯҳфакардаи Саидқул Билолов «Тоҷикистон»-ро низ сароид, ки аз тарафи мухлисон хуб қабул шудааст.
Бунафшаро инчунин соли 2003 коргардони филми «Муҷассамаи ишқ» барои нақши Санам даъват намуданд. Вале шавҳарашон розӣ нашуданд ва нақшро Савригул Қурбонова бозид.
Умдатан Бунафша бо иҷрои сурудҳои мардумӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Ӯ инчунин бо овозхонҳои машҳур аз қабили Саъдии Буризод, Қурбоналӣ Абдуллоев ва Абдулмаҷид Бердиев бадеҳа сароидааст. Бунафша аз ансамбли «Дарё» ба нафақа баромадааст. Ӯ дар мусоҳибаи худ гилла намуда гуфт, ҳарчанд мехост баъди нафақабароӣ шартномавӣ фаъолияташро дар ансамбл идома диҳад вале мудири ансамбл иҷозат надодааст.
Баъди якчанд муддат ӯро Афзалшо Шодиев ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват намуд ва дар онҷо ӯ як сол фаъолият намудааст.
«Пазмон шудам», «ҷонам, бигу», «Ошиқи сузон», «Модар» — чанд намунаи таронаҳои сершумори Бунафша Шокирова мебошанд, ки дар ёди ҳаводоронаш то дер боқӣ хоҳанд монд. Дар репертуари Бунафша Шокирова зиёда аз 80 суруд мебошад.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунафшаи зебо дар як мусоҳибаи интернетии худ иқрор шуд, ки ҳангоми дар синфи 8-ум таҳсил намуданаш ба ӯ хостгор омада буд.
Ӯ баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи санъат супоридааст. Соли 1996 Бунафша ба коркуни ташкилоте ба шавҳар баромадааст. Бунафша бо шавҳараш соҳиби ду духтар шуданд. Аммо шавҳараш ба ӯ хиёнат намуда зани дигаре гирифта аз Бунафша дур шуд. Вале бо гузашти муддате аз ҳамсари дувумаш ҷудо шуда боз ба назди ҳамсари аввалааш баргашт. Бунафшаи меҳрубон шавҳарашро бахшида боз якҷо то соли 2015 зиндагӣ намуданд. Онҳо боз соҳиби як писару як духтари дигар шуданд. Тахминан солҳои 2019—2020 ӯ падари фарзандонашро аз даст додааст.
Вафот
[вироиш | вироиши манбаъ]30-юми майи соли 2022 Бунафша Шокирова дар синни 50 солагӣ аз бемории саратон дар манзили зисташ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид[1]. Ӯ якчанд муддат дар беморхонаи «Қарияи боло» табобат мегирифт.
Сурудҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Танҳоӣ
- Модар
- Тоҷикистон
- Наврӯзи Роғун омадаст
- Қисмати ман
- Ошиқи сӯзон
- Соқиё маро дарёб (бо Қурбоналӣ Абдуллоев)
- Инак баҳор омадааст (бо Қурбоналӣ Абдуллоев)
ва ғайраҳо