Jump to content

Ҳайбатуллоҳ Охундзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳайбатуллоҳ Охундзода
пашту: ھیبت الله اخوندزاده
дарӣ: ھیبت الله اخوندزاده
Раҳбари Иморати Исломии Афғонистон
(мавриди эътирози ҷомеъаи байнулмилалӣ)
парчам
аз 15 августи 2021
Нахуствазир Абдулғанӣ Бародар
Пешгузашта Муҳаммад Умар (ба унвони амирулмуъминини Иморати Исломии Афғонистон 1996—2001);
Ашраф Ғанӣ (ба унвони раисиҷумҳури Афғонистон)
3-умин Раҳбари ҷунбиши «Толибон»
парчам
аз 25 майи 2016
Пешгузашта Ахтар Мансур

Таваллуд тақрибан 1960
Ҳизб
Эътиқод суннӣ
Навъи артиш Armed Forces of the Islamic Emirate of Afghanistan[d]
Рутба фармондеҳи кулл[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода (пашту: هیبت الله آخندزاده‎; зод. тақрибан 1960, вулусволии Панҷвоӣ[d], Подшоҳии Афғонистон) — шахсияти мазҳабӣ ва сиёсии афғон, раҳбари феълии ҷунбиши ифротгарои Толибон аз моҳи май 2016. Аз 15 августи 2021 — амалан ҳокими аксари манотиқи Афғонистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳайбатуллоҳ Охундзода дар соли 1961 дар вулусволии Панҷвоӣ дар вилояти Қандаҳор дар подшоҳии Афғонистон мутаваллид шуд. Мутааллиқ ба қабилаи паштуни нурзай аст. Аз хонаводае фақир ва мазҳаби омадааст. Падараш, мулло Муҳаммад Охунд, чеҳраи мазҳабии барҷастае дар рустои худ ва имоми ҷамоати масҷиди хурди маҳаллӣ буд. Ӯ бидуни доштани замини шахсии худ, ба ҳамроҳи хонаводааш комилан ба садақаву закот вобаста буд ва мунҳасиран ба фаъолиятҳои мазҳабӣ машғул буд. Ҳайбатуллоҳ Охундзода таҳсилоти исломии аввалияи мазҳабии худро назди падараш фаро гирифт. Пас аз шурӯъи ҷанги Афғонистон дар соли 1979, Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи 18-сола маҷбур шуд ба ҳамроҳи хонаводаи худ ба Покистон фирор кунад ва дар шаҳри Кветта, наздики марзи Покистон ва Афғонистон мустақар шавад. Дар онҷо таҳсилоти динии худро идома дод ва сипас яке аз мадорисро раҳбарӣ кард[1][2].

  1. Afghan Taliban announce successor to Mullah Mansour, BBC News (25 May 2016).
  2. «Hibatullah’s Roots Were Non-Political And Reclusive» Бойгонӣ шудааст 12 апрели 2020  сол. (29 May 2016), Tolo News. Retrieved 12 April 2020.