Ҳасан Пиров
Ҳасан Пиров | |
Таърихи таваллуд | 1951 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ваҳдат |
Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Ҳасан Пиров – навозанда (ғиҷҷак), дирижёри оркестри созҳои миллӣ, оҳангсоз. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1951 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1969 Омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо бо ихтисоси ғиҷҷак (синфи Х.Муборакшоев) ба итмом расонда, соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро (бо ихтисоси гиҷҷак – омӯзгор Абдураҳмон Тошматов ва дирижёрӣ – омӯзгор Игор Ковалёв) бомуваффақият хатм намудааст. Аз соли 1974 то 2004 дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, (ҳоло – Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов) ба ҳайси омӯзгор, солҳои 1998 то 2005 – роҳбари бадеӣ ва сардирижёри Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз соли 2006 – декани факултаи мусиқии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов буд. Соли 1999 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиёда аз 60 суруду оҳангҳо эҷод намудааст. Соли 2003 аввалин маҷмӯаи оҳангҳо барои созҳои миллӣ бо ҳамовозии фортепиано бо номи «Сӯзи дил». Соли 2004 китоби дуюмин бо номи «Лаҳзаи илҳом» барои фортепиано аз чоп баромад. Устодаш дар ҷодаи оҳангсозӣ Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зокир Нишонов мебошад. Суруди «Тоҷикистон», шеъри Ҳабибулло Нозирӣ дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова (2001), суруди «Тоҷикистони азизам» (шеъри Ҳамдам Ҷӯра) ва «Эй Ватан» (шеъри К. Олимов) дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов ва суруди «Ободу шукуфон» дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Парда Қосимов дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ садо додаанд.
Асарҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Пйесаҳо барои созҳои миллӣ бо ҳамовозии фортепиано:
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1993 – «Баҳори умед».
- 1993 – «Сӯзи дил».
- 1994 – Ёди ҷавонӣ».
- 1995 – «Рақс».
- 1997 – «Завқам меояд».
- 1998 – «Валс».
- 2000 – «Ашкреза».
- 2001 – «Нури Ваҳдат».
- 2006 – «Насими Ватан».
- 2007 – «Кӯҳистонӣ».
- 2008 – «Навои консертӣ».
- 2009 – «Тантанаи Роғун».
Пйесаҳо барои фортепиано
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2001 – «Суруди бе матн».
- 2001 – «Навои кӯҳистон».
- 2002 – «Орзу».
- 2003 – «Рақс».
- 2004 – «Наврӯзӣ».
- 2006 – «Хаёли ширин».
- 2006 – «Валс».
- 2009 – «Хаёлот».
Асарҳо барои оркестри созҳои миллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1998 – «Тоҷикистони азизам», суруд ба шеъри Ҳ.Ҷӯра.
- 1998 – «Фаромӯшам накун», суруд ба шеър аз халқ.
- 1999 – «Ман бандаи озодам», суруд ба шеъри Х.Бухороӣ.
- 1999 – «Тири ғамат», суруд ба шеъри Х.Бухороӣ.
- 1999 – «Дарахти дӯстӣ», суруд ба шеъри Ҳофиз.
- 2000 – «Ниёзи ман», суруд ба шеъри М.Иқбол.
- 2000 – «Орзуи нигоҳе», суруд ба шеъри М.Иқбол.
- 2000 – «Интизорӣ», суруд ба шеър аз халқ.
- 2001 – «Тоҷикистонам», суруд ба шеъри Ҳабибулло Нозирӣ.
- 2001 – «Дӯст медорам», суруд ба шеъри Н.Давлатзода.
- 2002 – «Эй Ватан», суруд ба шеъри Кароматулло Олимов.
- 2003 – «Асрори Душанбе», суруд ба шеъри Бозор Собир.
- 2004 – «Ободу шукуфон», суруд ба шеъри Сайқал.
- 2004 – «Маҳбубаи боронӣ», суруд ба шеъри Ҳ.Раҳмонӣ.
- 2004 – «Ман тифлаки озодам», суруд ба шеъри Ҳасан Пиров.
- 2005 – «Фантазия», навозиш барои оркестр.
- 2005 – «Дунё», суруд ба шеъри М.Маҳмадавлӣ.
- 2005 – «Наврӯзӣ», суруд ба шеъри А.Афғонӣ.
- 2010 – «Тоҷикистони ман», суруд ба шеъри Бобо Ҳоҷӣ.
- 2011 – «Ҷашн муборак», суруд ба шеъри Ҳасан Пиров.
- Беш аз 15 суруд барои хурдсолон.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. - C. 240-243
- Зодагони соли 1951
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Дирижёрони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон