Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон
форсӣ: جبهه مقاومت ملی افغانستان | |
Ҷойгиршавӣ (штаб-квартира) | |
Таърихи ташкилёбӣ | 17 август 2021 |
Ҷудошавӣ аз | Ҷумҳурии Исломии Афғонистон |
Шумораи аъзо | 8 000 |
Вебгоҳ | nationalresistance.org |
Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон, Ҷабҳаи муқовамат дар баробари Толибон, Муқовамати дувум[1][2][3], ё Муқовамати Панҷшер — иттиҳоде аз аъзои пешини Эътилофи Шимол ва дигар мухолифони Толибон аст, ки дар посух ба пешравии Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ва пас аз суқути Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти раҳбарии сиёсатмадор ва фармондеҳи низомӣ Аҳмад Масъуд ва муовини вай поягузорӣ шуд[4][5].
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳур ва Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифоъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ бахше аз муқовамат ҳастанд[6][7][8]. Мақари ин муқовамат дараи Панҷшер аст, ки охирин минтақаи боқимондаи таҳти контроли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад[9][10].
Дар 17 августи 2021, Амруллоҳ Солеҳ иддаъо кард, ки ӯ бар асоси қонуни асоси раисиҷумҳури Афғонистон аст, зеро Ашраф Ғанӣ раисиҷумҳури пешин ин кишварро тарк кардаву гурехтааст[11].
Заминаи падойиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хурӯҷи низомёни амрикоӣ ва НОТУ аз Афғонистон дар соли 2021 ва ҳуҷуми дубораи Толибон ба манотиқи таҳт контроли ҳукумати қонунии Афғонистон, тамоми шаҳрҳо ва вилоятҳои Афғонистон дар муддатзамони кӯтоҳе яке пас аз дигаре суқут карда ва ба дасти нерӯҳои Толибон уфтоданд. Саранҷом дар 15 августи 2021 ва ба думболи наздик шудани ҷангҷуёни Толибон ба шаҳри Кобул, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисиҷумҳури қонунии Афғонистон, Кобулро тарк карда ва пойтахти Афғонистон низ ба тасарруфи нерӯҳои Толибон даромад. Бад-ин тартиб 33 вилояти Афғонистон ба ҷуз вилояти Панҷшер муҷаддадан таҳти контроли Толибон даромад[12][13] ва гурӯҳи Толибон, ки пас аз амалиёти озодии баландмуддат дар соли 2001 аз саҳнаи сиёсии Афғонистон канор зада шуда буд, муҷаддадан тавонист бо эҷоди ҳукумати Иморати Исломии Афғонистон ба қудрат бирасад[14].
Афрод ва аҳдоф
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз ин силсила рӯйдодҳои сареъ, ки мунҷар ба суқути давлати қонунии Афғонистон пас аз 20 сол шуд, Аҳмад Масъуд писар Аҳмадшоҳи Масъуд Қаҳрамони миллии Афғонистон, зимни хурӯҷ аз Кобул[15] эълом кард, ки ба дараи Панҷшер рафтааст ва аз афғонҳои манотиқ ва қабоили Афғонистон хост то зимни пайвастан ба вай алайҳи Толибон биҷанганд.
Аҳмад Масъуд гуфт: ки Толибон ҳамаи қудратро тасарруф накарда ва ҳанӯз ҳам метавон коре кард ва аз ҷомеъаи байнулмилалӣ хост то аз ин мубориза ҳимоят кунанд[16].
Вай дар рӯзи 16 август бо интишори мақолае дар маҷаллаи фаронсавии «La Règle du jeu» унвон кард, ки тасмим гирифтааст, ки монанди падараш мубориза барои озодӣ ва раҳоӣ аз истибдод дар Афғонистонро созмонедеҳӣ кунад.
Вай дар ин мақола навиштааст: «Ману ҳамразмонам ҳамроҳ бо тамоми афғонҳое, ки бандагиро намепазиранд хуни худро хоҳем дод. Ҳамаи озодихоҳон аз ҳар қавму қабилаеро ба пайвастан ба пойгоҳамон дар Панҷшер, охирин минтақаи озоди меҳан дар ҳоли эҳтизормон фаро мехонам[17].»
Аҳмад Масъуд зимни муқоясаи вазъияти кунунии Афғонистон бо Аврупо дар замони оғози Ҷанги ҷаҳонии дувум идома додааст: «Мо афғонҳо дар ҳамон шароите ҳастем, ки Аврупо дар соли 1940 қарор дошт.» Вай бо ном бурдан аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, кишварҳои арабӣ ва дигарон аз онҳо кумак хост ва навишт: «Хитобам ба ҳамаи шумо аст. Шумое, ки ба мо пештар ва дар ҷараёни мубориза барои озодӣ алайҳи Шӯравӣ ва Толибон дар 20 соли пеш онқадар кумак кардед: Шумо дӯстони азизи озодӣ оё бори дигар моро ҳамчун гузашта ёрӣ хоҳед кард? Бо вуҷуди хиёнати баъзеҳо, мо ба шумо эътимоди зиёде дорем[18].»
Амруллоҳ Солеҳ муовини аввали риёсати Ҷумҳурии Афғонистон низ пас аз хурӯҷи Ашраф Ғанӣ аз кишвар эълом кард, ки бар асоси қонуни асосии Афғонистон дар сурати ғиёбат, фирор ё марги раисиҷумҳур, муовини аввал ба унвони сарпарасти мақоми риёсати ҷумҳурӣ қарор мегирад ва ӯ аз ин пас сарпарасти давлати ин кишвар аст ва ин кор ҳаққи машрӯъ ва қонунӣ мебошад.
Амруллоҳ Солеҳ бо нашри паёме дар сафҳаи Твитери худ баён кард: «Ман ҳаргиз, ҳаргиз ва таҳти ҳеч шароите дар баробари терруристҳои Толибон сар хам нахоҳам кард.» Ӯ ҳамчунин навишт: «… Ҳаргиз ба мероси Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳ ва муроди худ хиёнат нахоҳад кард ва зери бори пазириши султаи Толибон нахоҳад рафт….» вай пас аз пайвастан ба Аҳмад Масъуд дар дараи Панҷшер, дар твити дигар аз мардуми Афғонистон хост, то ба меҳвари муқовамат дар баробари Толибон бипайванданд[19].
Муқовамат ҳамчунин дар 18 июл муддаъӣ шуд, ки аз пуштибонии Абдуррашид Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур бархӯрдор аст, дар ҳоле, ки гузориш шуда гурӯҳи Дӯстум ба Узбакистон гурехтанд, 10 000 сарбози Дӯстум метавонанд ба муқовамат пайваста ва нерӯи 15 000 нафара ё бузургтарро ташкил диҳанд[20][21]. Дар ҳамон рӯз, сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аксҳои Ғанӣ дар сохтимони сафоратро бо аксҳои Амруллоҳ Солеҳ иваз кард[22].
Таърихчаи иқдомот
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз 16 август, эътилофи мустақар дар Панҷшер аввалин муқовамати созмонёфта алайҳи Толибон дар Афғонистонро ба вуҷуд оварданд[23][24] ва тавонистанд шаҳри Чорикорро дар 17 август аз Толибон пас бигиранд[25]. Шаҳри Чорикор маркази вилояти Парвон ва яке аз шаҳрҳои пурҷамъияти Афғонистон аст ва дар ҳудуди 64 килкметрии шимоли Кобул қарор дорад. Роҳи аслии Кобул ба вилояти Бағлон, Мазори Шариф ва шимоли Афғонистон аз Чорикор мегузарад[26]. Тақрибан дар ҳамон замон, бақоёи Артиши миллии Афғонистон ба исрори Аҳмад Масъуд дар дараи Панҷшер шурӯъ ба таҷаммуъ карданд[27][28].
20 август, се вулусволии вилояти Бағлон таҳти контроли нерӯҳои муқовамат қарор гирифт[29]. Дар ҳамон рӯз, ду генерал ба муқовамат дар Панҷшер пайвастанд: охирин раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳайбатуллоҳ Ализой, ва охирин фармондеҳи сипоҳи амалиёти вижа, Сомӣ Содот[30]. 21 август маълум шуд, ки яке аз манотиқе, ки қаблан тавассути нерӯҳои муқовамат дар Бағлон ишғол шуда буд, тавассути Толибон бидуни ҷанг бозгардонда шуд[31]. 22 август, «Ал-Арабия» гузориш дод, ки намояндагони Толибон аз раҳбари муқовамат хостанд, ки вилояти Панҷшерро дар муддати 4 соат ба контроли ҷунбиш вогузар кунад, дар ғайри ин сурат таҳдид мекунад, ки амалиёти тасарруфи онро бо зӯр оғоз мекунад[32]. Пас аз рад кардани Аҳмад Масъуд, Толибон аз ду тараф таҳоҷумиро оғоз карданд, ки дар ҷараёни он, ба гуфтаи муқовамат, гурӯҳони бузурге аз Толибон дар камин қарор гирифтанд[33]. 23 август, мақомоти Толибон гуфтанд, ки ба таври комил контроли тамоми манотиқи қаблан аздастрафтаи вилоят Бағлонро ба даст овардаанд ва нерӯҳои муқоваматро муҳосира кардаанд[34].
Дар таърихи 25 август, музокироте байни тарафайни даргирӣ анҷом шуд[35] ва оташбас барқарор шуд. 29 август, гузориш шуд, ки Толибон дастрасӣ ба иртибототи телефони ҳамроҳ ва интернетро дар вилояти Панҷшер масдуд карда ва бар ироадиҳандагони хадамот фишор ворид кардааст[36], аммо фардои он рӯз, «Ал-Арабия» гузориш дод, ки дастрасӣ ба мухобирот дар Панҷшер эҳё шудааст[37].
1 сентябр, канали телевизиюни TOLOnews ба нақл аз яке аз раҳбарони Толибон гузориш дод, ки музокироти байни тарафайн шикаст хӯрдааст[38]. 2 сентябр, Толибон ҳамлаеро алайҳи мавозеъи нерӯҳои муқовамат дар Панҷшер оғоз карданд ва рӯзи баъди пирӯзии худ, тасарруфи вилоят ва фирори раҳбарони Ҷабҳаи муқовамати миллиро эълом карданд, ки албатта баъдан такзиб шуд[39][40][41]. Бо ин вуҷуд, Толибон ба амалиёти худ идома доданд ва дар 5 сентябр, онҳо тавонистанд бахшҳои бузурге аз дараи Панҷшерро таҳти контроли худ дароваранд, пас аз он субҳи рӯзи баъд, тасарруфи комили Панҷшер дубора эълом шуд[42]. Мақомоти Ҷабҳаи муқовамат дар посух гуфтанд, ки ягонҳои онҳо «дар тамоми мавозеъи стратегӣ дар саросари дара ҳузур доранд» ва онҳо қасд доранд, ҷанг алайҳи Толибон ва шарикони онҳоро идома диҳанд[43]. Алӣ Назарӣ, намояндаи Ҷабҳа муқовамат, дар мусоҳиба бо Financial Times гуфт, ки нерӯҳои муқовамат ба кӯҳҳо ақибнишинӣ мекунанд ва аз онҷо ҷанги чирикиро идома медиҳанд[44].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Analysis | Northern Afghanistan once kept out the Taliban. Why has it fallen so quickly this time?(англ.), Washington Post.Taliban promises not to move to Panshir; Ahmad Massoud says he is ready to give his blood for his land | Tajikistan News ASIA-Plus. asiaplustj.info.Preparing for a Post-Departure Afghanistan: Changing political dynamics in the wake of the US troop withdrawal announcement (ps). Afghanistan Analysts Network - English (4 июни 2021).
- ↑ He promised an "organized resistance" to Taliban rule. Now he wants U.S. help to lead the fight.(англ.). www.cbsnews.com.
- ↑ Northern Afghanistan once kept out the Taliban. Why has it fallen so quickly this time?. Washington Post.
- ↑ برخط نیوز - تشکیل جبههٔ مقاومت در مقابل طالبان در پنجشیر. 26 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2021.
- ↑ دنیای اقتصاد - آغاز مقاومت علیه طالبان از درهٔ پنجشیر - تاریخ انتشار: ۱۴۰۰/۰۵/۲۵
- ↑ The Panjshir Valley: what is the main bastion of resistance against the Taliban advance in Afghanistan. Market Research Telecast (17 августи 2021). 26 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2021.
- ↑ As Taliban takes over, one Afghan province is still standing strong - Here's the story of Ahmad Shah Massoud and his bastion Panjshir(англ.). Free Press Journal.
- ↑ Widerstand gegen Taliban im afghanischen Pandschir-Tal(олмонӣ). DW.
- ↑ Brick Murtazashvili. Northern Afghanistan once kept out the Taliban. Why has it fallen so quickly this time?. The Washington Post (28 июли 2021).
- ↑ Hakim, Yalda An anti-Taliban coalition seems to be forming, including Vice President @AmrullahSaleh2 and Ahmad Massoud, son of Ahmad Shah Massoud - they are in Panjsher, about three hours drive from Kabul #Afghanistan. BBC News.
- ↑ Amrullah, Saleh Clarity: As per d constitution of Afg, in absence, escape, resignation or death of the President the FVP becomes the caretaker President. I am currently inside my country & am the legitimate care taker President. Am reaching out to all leaders to secure their support & consensus.. Twitter.
- ↑ شفقنا - «پنجشیر» ولایتی در امان مانده از تروریزم
- ↑ خبرگزاری ایسنا - تنها "درهٔ پنجشیر" ماندهاست
- ↑ عصر ایران - چرا کابل سقوط کرد؟
- ↑ ایسنا — احمد مسعود خبر خروج از افغانستان را تکذیب کرد
- ↑ چرا کابل سقوط کرد؟(форсӣ). عصر ایران (17 августи 2021). 26 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ ابنا — احمد مسعود مردم افغانستان را به مقاومت در برابر طالبان فراخواند
- ↑ مدارا — فراخوان پسر شاه مسعود به مردم افغانستان برای مقاومت در برابر طالبان. 26 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2021.
- ↑ ایرنا — صالح: سرپرست رسمی دولت افغانستان هستم
- ↑ Operations(англ.). Northern Alliance: Fighting for a Free Afghanistan. Friends of the Northern Alliance.
- ↑ Archive, Hollie Inside the Afghanistan province that refuses to buckle to Taliban(англ.). New York Post (18 August 2021).
- ↑ Ray, Siladitya Afghan Embassy In Tajikistan Demands Interpol Arrest Escaped Former President Ashraf Ghani(англ.). Forbes.
- ↑ An anti-Taliban front forming in Panjshir? Ex top spy Saleh, son of 'Lion of Panjshir' meet at citadel(англ.). The Week.
- ↑ The Panjshir Valley: what is the main bastion of resistance against the Taliban advance in Afghanistan. Market Research Telecast (17 August 2021). 26 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2021.
- ↑ Afghan Vice President Saleh's forces retake Charikar area from Taliban - Source. UNI India.
- ↑ اسپوتنیک — نیروهای صالح چاریکار را پس گرفتند
- ↑ 'Northern Alliance' flag hoisted in Panjshir in first resistance against Taliban, Hindustan Times (August 17, 2021).
- ↑ An anti-Taliban front forming in Panjshir? Ex top spy Saleh, son of 'Lion of Panjshir' meet at citadel, The Week (August 17, 2021).
- ↑ Силы сопротивления отбили у талибов три района афганской провинции Баглан — Новости — Мир — Коммерсантъ
- ↑ В Панджшер прибыли два афганских генерала // Sputnik
- ↑ Талибы вернули контроль над районом Андараб в провинции Баглан на севере страны(рус.). ТАСС (21 августи 2021). 22 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ Талибы дали руководству сопротивления в провинции Панджшер четыре часа, чтобы сдаться(рус.). ТАСС (21 августи 2021). 22 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ 300 талибов угодило в засаду ополчения в Баглане // dialog.ua
- ↑ Талибы заявили о взятии в осаду сил сопротивления в Панджшере(рус.). «Аргументы и факты» (23 августи 2021). 23 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ Оппозиционные силы в провинции Панджшер начали переговоры с талибами
- ↑ Талибы блокировали провинции Панджшер доступ к мобильной связи
- ↑ Al Arabiya: В Панджшере восстановили интернет и телефонную связь(рус.). «Росбалт» (30 августи 2021). 30 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ СМИ: переговоры между талибами и сопротивлением в Панджшере провалились(рус.). ТАСС (1 сентябри 2021). 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Битва за Панджшер: талибы наступают на последний неподконтрольный им район Афганистана, «Би-би-си»
- ↑ Сопротивление в Панджшере опровергло побег своих лидеров в Таджикистан, Lenta.ru
- ↑ Афганское сопротивление заявило о взятии в окружение сотен талибов в Панджшере, Lenta.ru
- ↑ Талибы заявили о полном захвате провинции Панджшер(рус.). «Коммерсантъ» (6 сентябри 2021). 6 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Силы сопротивления опровергли заявление талибов о взятии Панджшера(рус.). «РИА Новости» (6 сентябри 2021). 6 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Панджшерское сопротивление заявило, что переходит к партизанской войне(рус.). «РИА Новости» (6 сентябри 2021). 6 сентябри 2021 санҷида шуд.