Jump to content

Боҳомо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷазираҳои Багам)
Иттиҳоди Ҷазираҳои Боҳомо
Commonwealth of the Bahamas
Парчам Нишон
Шиор: «Forward Upward Onward, Together»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Иттиҳоди Ҷазираҳои Боҳомо|March On, Bahamaland
]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Бритониёи Кабир)
Забони расмӣ англисӣ
Пойтахт Нассау
Шаҳри калонтарин Нассау
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
156-ум ҷой дар ҷaҳон
13 878 км²
28% %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2023)
  • Зичӣ
177-ум ҷой дар ҷaҳон
412,628[1]
25.21 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2019)
  • Ба сари аҳолӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
$15.061 миллиард $
$35,664 $
Пули миллӣ
Интернет-Домен .bs
Коди телефон +1-242
Соат UTC -5
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Боҳомо (англ. Bahamas), Ҷазираҳои Боҳомо (англ. Bahama Islands), номи пураи расмӣ — Иттиҳоди Ҷазираҳои Боҳомо (англ. Commonwealth of the Bahamas) — давлат дар Вест-Индия. Дар ҳайати Британиёи Кабир. Дар галаҷазираҳои Боҳом воқеъ гардида, тахминан аз 700 ҷазира иборат аст. Калонтарини онҳо: Андрос, Абакои Калон, Боҳоми Калон, Абакои Хурд, Берри, Ню-Прови­денс. Масоҳати умумиаш 13864 км². Аҳолиаш 412,628 ҳазор нафар (2023). Пойтахташ шаҳри Нассо (Нассау) (дар ҷазираи Ню-Прови­денс).

Сохтори сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи сарқонун сардори давлат — Подшоҳи Британиёи Кабир; намояндаи он дар Боҳомо генерал-губернатор мебошад. Мақоми қонунгузор — парламенти дупалатагӣ. Он аз сенат (16 аъзо, ки аз тарафи генерал-губернатор таъйин мешавад) ва палатаи маҷлис (40 аъзо, ки ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ ва пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд) иборат аст. Ҳокимияти иҷроия тобеи Шӯрои (Кабинети) вазирон буда, онро сарвазир, ки ҳамчун пешвои ҳизби дар интихоботи парламентӣ ғолибгардида аз тарафи генерал-губернатор таъйин мегардад, сарварӣ мекунад. Ҳокимияти судӣ аз Додгоҳи Олӣ, Суди шикоятӣ ва 15 Суди магистратии дараҷаи поёнӣ иборат мебошад. Багам узви Созмони Дӯстӣ, СММ ва ташкилотҳои махсусгардонидашудаи он, Бонки рушди байниамрикоӣ, Бонки рушди Кариб аст.

Ҷазираҳои Боҳомо сатҳи ҳамвор дошта, асосан аз оҳаксанги марҷонӣ таркиб ёфтаанд ва хусусияти карстӣ доранд. Макони арагонит мебошад. Иқлимаш тропикии пассатист. Ҳарорати миёнаи декабр — февр. 210С (дар Шимол 190С), июл — август 240С (дар Ҷануб 320С). Дар як сол тақр. 310 рӯз офтобӣ. Миқдори миёнаи бориши солона аз Шимол ба Ҷануб кам шуда, аз 1600 мм то 1100 мм мерасад. Моҳи аз ҳама сербориш — октябр (206 мм), аз ҳама хушк — декабр (33 мм). Дар қисми шимолии Бағам барф, баъзан борони сел меборад (барфи охирин соли 1975), аммо зуд-зуд тӯфон рӯй медиҳад. Дарёҳо хеле кам, кӯлҳои шӯр бисёранд, ки ба баҳр мепайванданд. Оби ошомиданиро аҳолӣ аз чоҳҳои карстӣ мегирад. Дар ҷазираи Ню-Провиденс ширин кардани обҳои баҳр бо иқтидори 10 ҳазор м3 дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст. Майдони ҷангалзор дар ҷазираҳои Абако, Андрос, Боҳоми Калон, Ню-Провиденс боқӣ мондаанд, ки 32%-и масоҳати мамлакатро ташкил медиҳанд. Хокаш сурхтоби латеритӣ. Буттазорҳои серхори ҳамешасабз бештар буда, қисми зиёди майдонро бешаҳои санавбар ишғол кардаанд. Ҳайвоноташ кам. Еноти ваҳ­шии Баҳом ягона дарандаи ваҳшии Вест-Индия мебошад. Кӯршаб­паракҳо, калтакалос ва сусморҳо низ мавҷуданд. Дар Боҳом парандаҳои кӯчӣ зиёданд: мурғобии ёбоӣ, ғоз ва бутимор (фламинго, рамзи миллии Боҳом), 28 навъи парандаҳо эндемикианд, аз ҷумла тӯтии маҳаллӣ. Барои ҳифзи ҷангалзор ва олами ҳайвонот 12 боғу мамнуъгоҳ (бузургтаринаш дар ҷазираҳои Абакои Калон ва Инагуаи Калон) мавҷуданд.

Аҳолии ҷазираҳои Боҳомо асосан баҳамиҳоянд (85 %) — аз авлоди ғуломони зангӣ; 10 % — инглисҳои маскуншуда ва боқимонда аз Осиё ва мамлакатҳои испанизабони Амрикои Лотинӣ. Аҷдоди багамиҳо ба қабилаҳои гуногуни Африқо мансуб буда, онҳоро аз он ҷо мустамликадорони англис дар асрҳои 17-19 овардаанд. Забони расмӣ — англисӣ. Аксарияти диндорон католиканд. Аҳолиаш нобаробар ҷой гирифтааст, 70%-и аҳолӣ дар ҷазираи Ню-Провиденс ва 15 % дар ҷазираи Бағами Калон маскун шудаанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² — 22,4 нафар. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна — 65,6 сол, аз ҷумла занҳо — 69,1 ва мардҳо — 62,2.

Иқтисодиёти Багам аз соли 1950 дар соҳаи хиздматрасонӣ тахассус пайдо кардааст. Ба соҳаи сайёҳӣ баъди солҳои 60 садаи XX хидматрасонии молӣ (бонкӣ) илова гардид. Аз нисф зиёди аҳолии мамлакат ба тиҷо­рати сайёҳӣ машғул аст. Сайёҳон бештар аз Амрико меоянд. Моҳидорӣ, истеҳсоли намак, нафт, семент, машрубот ва саноати дорусозӣ тараққӣ кардааст. Асосан ананас, помидор, картошка ва мева парвариш мекунанд. Аксари соҳаҳои иқтисодиёт зери назорати сармояи хориҷӣ мебошанд.

Ҷазираҳои Боҳомо соли 1492 аз тарафи Христофор Колумб кашф гардида, сокинони аввалини он тахминан аз садаи 9 маскун буданд. То замони кашф гардидани Боҳомо аз тарафи аврупоиён дар он ҷо 40 ҳазор нафар зиндагонӣ мекарданд. Соли 1718 Боҳом мустамликаи Британиёи Кабир шуд. Соли 1781 аз тарафи испаниҳо тасарруф гардид ва соли 1783 боз ба ихтиёри Британия гузашт. Соли 1781 дар Британиёи Кабир ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд ва дар Боҳомо низ ғуломонро озод карданд. Тибқи Конститутсияи нав соли 1964 Багам ба ҳуқуқи худидоракунии дохилӣ соҳиб гардид. Аз соли 1973 Боҳомо давлати соҳибистиқлол дар ҳайати Иттиҳоди Бритониё мебошад.

Воситаҳои ахбори омма озоданд ва аз тарафи давлат ҳеч гуна маҳдудият нисбат ба онҳо ба назар намерасад. Ягона ширкати телеви­зионӣ — ZNS Bahams, ки аз тарафи Корпоратсияи радио ва телевизиони Боҳомо маблағгузорӣ мешавад, бо ҳукумат ҳамкорӣ дорад. Рӯзномаҳои «The Bahama Jour­nal», «Freeport New The Nassau Guardian» ва «The Tri­bune» ҳафтае 2 маротиба нашр мешаванд.


  • Новая российская энциклопедия. Т. II. Москва, 2005;
  • Страны мира (Современный справочник). Москва, 2008.