Jump to content

Деҳоти Навобод (н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷамоати деҳоти Навобод)
Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Навобод
Парчам
Парчам
40°43′49″ с. ш. 70°09′25″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Вилоят Вилояти
Ноҳия Ноҳияи
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Деҳоти Навобод дар харитаи
Деҳоти Навобод
Деҳоти Навобод

Ҷамоати деҳоти Навобод — ҷамоат дар ноҳияи Ҳисор воқеъ аст, ки тобеи марказ аст.

Ҷамоати деҳоти Навобод соли 1930 ташкил шудааст. Аз маркази ноҳия 5 км дур воқеъ аст. Майдони умумии он 62,5 км кв буда, дар қисми марказии ноҳияи Ҳисор ҷой гирифтааст, 26112 нафар аҳолӣ дошта, 3432 хоҷагӣ ва 15 деҳаро дарбар мегирад. Деҳаҳои Обигармӣ, Лолагӣ, Мавлонҷари Боло, Мавлонҷар, Ҳуҷум, Ҳамдилон (собиқ Давлатманқа), Ойбош, Файзбаш, Себистон (собиқ Киров), Чуқураки Боло, Шопур, Навобод, Ситора (собиқ Қизил юлдуз), Ғуриёт, Кӯҳон ба ҳудуди ҷамоат дохил мешаванд. Дар ҳудуди ҷамоат 7 мактаби миёна, 4 мактаби асосӣ мавҷуд буда, 260 нафар омӯзгор ба 5397 хонанда илм меомӯзад. 4 дармонгоҳ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази фарҳангию фароғатӣ, 2 китобхона ба сокинон хидмат мерасонанд. Дар марзи ҷамоат кооперативи истеҳсолии ба номи Ҳайдар Миров, 330 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, ҶСШП «Рустбахш», ҶСШП «Файзбахш», ширкати сохтмонии «Сахиб», фермаи ширию молии фирмаи «Сахӣ», корхонаи фаръии байниноҳиявии обтаъминкунӣ, кооперативи «Биносоз», корхонаи оббарории «Висол», корхонаи «Бинокор», заводи хиштбарории Тоҷик-Сино Стар, филиали оҷонсии «Амонатбонк», 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2 нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, 2 осиёби обӣ, 15 нуқтаи савдо амал мекунанд, инчунин як масҷиди ҷомеъ, 14 масҷиди панҷвақтаи ба қайд гирифташуда ва 12 масҷиди панҷвақтаи ба қайд гирифтанашуда фаъолият доранд.[1]

Деҳаҳои ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2022)
Обигармӣ 1664
Лолагӣ 4044
Мавлонҷари Боло 1687
Мавлонҷар 2153
Ҳуҷум 1797
Ҳамдилон 1332
Ойбош 2002
Себистон 1396
Чуқураки Боло 2784
Шопур 1165
Навобод 1368
Ситора 4019
Ғуриёт 5487
Кӯҳон 529
  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 557—558