Jump to content

Ҷиёнхон Ризоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷиёнхон Ризоев
парчам
Раиси кумитаи иҷроияи Вилояти Кӯлоб
 — 27 октябри 1992
Ҷонишин Эмомалӣ Раҳмон

Таваллуд 15 март 1948(1948-03-15)
Даргузашт 27 октябр 1992(1992-10-27) (44 сол)
Калининобод
Мадфан Даҳана, Кӯлоб
Касб ҳуқуқшинос

Ҷиёнхон Ризоев (15 март 1948, Дашти Ҷум, ноҳияи Ленинград, вилояти Кӯлоб — 27 октябри 1992, ноҳияи Калининобод) — ходими намоёни ҷамъиятӣ, ҳуқуқшинос. Раиси комитети иҷроияи Вилояти Кӯлоб.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷиёнхон Ризоев 15 марти соли 1948 дар деҳаи Дашти Ҷум, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, вилояти Хатлон, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаст ва дар Гулрез ба воя расида буданд. Соли 1965 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 16 деҳаи Даҳана, Ҷиёнхон Ризоев ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (соли 1970) дохил шуда онро бо баҳои аъло хатм намуда буд.

Солҳои 1969—1971 дар Артиши Шӯравӣ (дар Қазоқистон, командир взвод), баъдан мудири шӯъбаи кумитаи комсомолии ноҳияи Восеъ фаолият карда буданд.

Аз соли 1972 дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ: Солҳои 1972—1982 (русӣ) следователь, старший следователь, ҷонишини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб оид ба корҳои махсус

Солҳои 1982—1984 таҳсил дар Академияи ВКД ИҶШС (бо баҳои аъло хатм намуд)

Солҳои 1984—1986 ҷонишини сардор

Аз соли 1985 сардори шӯъбаи Идораи корҳои дохилии вилояти Кӯлоб.

Солҳои 1985—1991 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ВКД ҶШС Тоҷикистон ва Идораи ВКД Кӯлоб фаъолият кардаанд.

Солҳои 1991—1992 сардори Идораи корҳои дохилии вилояти Кӯлоб.

Моҳи августи соли 1992, баъди ҷанги шаҳрвандӣ, раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуда буданд.

Ҳангоми гуфтугӯ бо «Фронти халқӣ» дар минтақаи Калининобод, 27 октябри соли 1992, бо сабабҳои номаълум кушта шуд.[1].