Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулрез (деҳа, н. Кӯлоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулрез
Манзараи деҳаи Гулрез
Манзараи деҳаи Гулрез
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Кӯлоб
Ҷамоат Деҳоти Даҳана
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 2738 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гулрез (то соли 2012 Олтовул) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 17 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2738 нафар (2017), тоҷикон.

Хизматрасониҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Устохонаи чӯббурӣ, осиёби хусусӣ, масҷиди панҷвақта, 5 нуқтаи савдои хусусӣ ва 70 хоҷагии хурди деҳқонӣ дорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 34, деҳаи Даҳана таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Даҳана ва дарёи Яхоб обёрӣ мешаванд.

Наҳри Даҳана, ҳудуди деҳаи Гулрез

Дар ҳудуди деҳа марқади Хоҷаи Пок (асри XIII) боқӣ мондааст, ки зиёратгоҳи мардум аст.

Шахсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Олими соҳаи фалсафа Султон Наврӯзов ва ходими давлатӣ Ҷиёнхон Ризоев дар ҳамин деҳа зиндагӣ карда буданд.