Иди байналмилалии Наврӯз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Наврӯз дар боғи "Ирам" Душанбе
Иди Наврӯз дар Душанбе 1.jpg
Наврӯз дар назди ҳайкали А. Рӯдакӣ
Мақолаи асосӣ: Наврӯз

21 март-24 март - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

Баргузории ид[вироиш]

19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмиллалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.

Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли 2011 дар Эрони бостонӣ ва соли 2012 дар Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон - 21 март; Эрон - аз 20 то 23 март; Озарбойҷон - аз 20 то 26 март; Қазоқистон - аз 21 то 24 март; Туркманистон - аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбакистон - 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) - аз 20 то 23 март; Косово - 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[1]

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон[вироиш]

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзҳои 21 март - 24 март - Иди байналмилалии Наврӯз (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.10 с., № 611) эълон намудааст.[2]

21 март - 24 март - тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзҳои истироҳат муқарар шудааст.

Боз нигаред[вироиш]

Адабиёт доир ба иди "Навруз"[вироиш]

Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо. - Душанбе, 2013[3]

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

<references>

  1. Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш.Нашрияи ДМТ. - 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
  2. Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. http://www.ozodi.org/content/article/24935927.html "Тоҷикистон дар воқеъ ватани Наврӯз аст"