Корбар:IslamicRPofTaj
Ин корбар Алҳамдулиллоҳ мусалмон аст!
Ин корбар дӯстдорӣ шеъру, ғазалу, рубоиёту дубайтист,
Қуръон шикоят мекунад!
Охир ин Қуръон ҳама ваҳйи Худои Акбар аст,
Охир ин оёти равшан мӯъҷизи пайғамбар аст,
Ин Каломуллоҳ амонат аз Расули Азҳар аст,
Ҳеҷ кофир бо амонат ин хиёнат мекунад?
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад!
Рӯзи маҳшар дар миёни анбиёву авлиё,
Мекунад Қуръон шикоят дар бисоти Кибриё,
Мезананд аз ғам ба сар пайғамбарону асфиё,
Пас Худо ташкили девони адолат мекунад.
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад:
«Ман чӣ кардам бо шумо, ин қисм хорам кардаед?
Пеши ҳар ломазҳабе беэътиборам кардаед?
Дар миёни кӯча пургарду ғуборам кардаед?
Ҳеҷ кас бо дину оин ин шаноат мекунад?.»
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад:
«Ман каломи рӯҳбахши кибриёӣ будаам,
Мӯъҷизи Пайғамбар, илҳоми худоӣ будаам,
Ман куҷо эй қавм асбоби гадоӣ будаам?
Ҳар касе аҳкоми динашро риоят мекунад.»
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад:
«Ҳеҷ Тавроте шуда пеши яҳудон мисли ман?
Ҳеҷ Инҷиле ба хок афтода ғалтон мисли ман?
Ҳеҷ Занде гашта помоли маҷусон мисли ман?
Ҳеҷ ҳиндуе чунин зулму фасоҳат мекунад?»
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад:
«Эй ҷамоат, ҷомеъи аҳкоми раббонӣ манам,
Дар ҷаҳон болотарин бурҳони раббонӣ манам,
Дафтари тавҳиду дастури мусалмонӣ манам,
Халқро ҷузъ ман ба сӯи Ҳақ кӣ даъват мекунад?
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад!»
Бо чӣ заҳматҳо фароҳам гашт Қуръони Шариф?
Нақл шуд аз пӯсти оҳу рӯи авроқи латиф,
Ҳол андар кӯчаҳо афтода дасти ҳар касиф,
Ҳар кӣ мебинад, ба ин авзоъ лаънат мекунад.
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад.
Гар шумо, эй аҳли Фурқон бар Муҳаммад қоилед,
Пас чаро ин навъ ба тахфифи Қуръон моилед?
Муфтазеҳ аз дасти як мушти гадоӣ соилед,
Ҳиммати мардона рафта, ин мусибат мекунад,
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад.
Мард мехоҳам, ки аз дини Худо ёрӣ кунад,
Мард мехоҳам, ки аз Қуръон ҳаводорӣ кунад,
Мард мехоҳам, ки аз мазҳаб нигаҳдорӣ кунад,
Ёде аз Қуръон ҷавони поктинат мекунад.
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад!
*********************************************
Намозе к-аз сари сидқу сафо нест,
Агар дар Каъба бигзори раво нест.
Гар ту мехоҳи мусулмон зистан,
Нест мумкин чуз ба Қуръон зистан. Иззатписанди халқ ба хори намерасад,
Бо ҳарки дар замона бувад некхоҳ шав.
Лекин чу ҳурмати ту надорад ту аз ғазоф,
Машкан зи баҳри ҳурмати Ислом ҳурматаш.
Ҳар ки амал баҳри риё мекунад,
Пеши Худо чеҳра сиеҳ мекунад.
Зинҳор аз қарини бад зинҳор,
Ва қино Раббано азбонан нор.
Шукри неъмат, неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Эй соҳиби масъалаи роҳнамо,
Медон ба яқин ки ломакон аст Худо.
Хоҳи ки туро кашф шавад ин маъно,
Чон дар баданат бубин кучо дораду чо.
Беҳтарин амал ки мавсуф аст,
Наҳй мункару амри маруф аст.
Ҳар дарду балое ки аз осмон фитад,
Аввал ба лавҳи синаи соҳибдилон расад.
Дар ин олам дили беғам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
Бие эй ки умрат ба ҳафтод рафт,
Магар хуфта буди ки барбод рафт.
Зи панчоҳ дирҳам панч агар кам шавад,
Дилат реши сарпанчаи ғам шавад.
Чу панчоҳ солат бурун шуд зи даст,
Ғанимат шумур панч рузе ки ҳаст.