Қиёмат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:
تخطيط كلمة الإسلام.png

Ислом

Қиёмат (арабӣ: يوم القيامة‎‎‎ — рӯзи растохез) — мувофиқи таълимоти дини Ислом рӯзест, ки тамоми мурдаҳо аз нав зинда шуда, аз кору кирдорашон ҳисобот медиҳанд. Тасаввуроти рӯзи Қиёмат қариб дар ҳамаи динҳои ҷаҳон мавҷуд аст. Дар дини Ислом он аз динҳои пешин мерос мондааст. Масъалаҳои асосии ҷаннату дӯзах дар зардуштия пайдо шуда буданд. Минбаъд бисёр ҷиҳатҳои он тавассути ҳомиёни дин инкишоф дода шудааст. Мувофиқи ҳадис ва дигар ривоятҳои динӣ рӯзи Қиёмат бандагон мувофиқи дафтари аъмол ба пурсандаҳо ҷавоб медиҳанд. Маросими пурсиши бандаҳо силсилавист. Аввал пурсандаҳо гӯё «бандагони Худо»-ро бо саволҳои гуногун санҷида, «гуноҳ» ва «савоб»-и онҳоро баркашида, дар дафтари аъмолашон қайд мекунанд, сонӣ онҳоро аз пули Сирот мегузаронанд. Гунаҳкорон ҳангоми гузаштан аз пули мазкур гӯё ба оташ меафтанду бегуноҳон роҳи биҳиштро пеш мегиранд. Баъзеҳо ба аъроф (гӯё мавзеест байни дӯзаху биҳишт) меафтанд. Фаро расидани рӯзи Қиёматро танҳо Аллоҳ медонад. [1]

Манобеъ[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 320

Нигаред[вироиш]