Анбиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Анбиё — الأنبياء
Sura21.pdf
Матни арабии сура
Маънои ном

Паёмбарон

Гурӯҳбандӣ

Маккӣ

Тартиби нозил

73

Омор
Рақами сура

21

Шумораи оятҳо

112

Ҷузъ

17

Ҳизб

33

Шумораи рукӯъ

7

Шумораи калима

1168

Шумораи ҳарф

4890

Сураи гузашта

Сураи Тоҳо

Сураи раванд

Сураи Ал Ҳаҷ

Тарҷумаҳо

QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru


IslamSymbol.svg       Folder Hexagonal Icon.svg       Wiktionary-logo-ru.png       Wikiquote-logo.svg       Wikisource-logo.svg       Commons-logo.svg

Анбиё (араб. الأنبياءПаёмбарон) — бисту якум сураи Қуръон. Дар Макка нозил шуда, аз 112 оят ва 7 рукӯъ иборат мебошад. Ба тартиби нузул сураи 65 аст.

Мундариҷа[вироиш]

Номи Анбиё дар сура зикр нашудааст ва онро аз рӯи мазмун чунин ном кардаанд. Қисмати бештари Анбиё дар бораи ҷиҳод ва муборизаи пайғамбарони бузург (а) бар зидди бутпарастӣ аст.

Дар он баъди зикри Мусо (а) ва Ҳорун (а) ва нозил шудани Таврот баёни достони нисбатан муфассали Иброҳим (а), даъвати ӯ ба тавҳид, муборизаи ӯ бо қавми бутпарасти худаш, пирӯзӣ ва наҷот ёфтани ӯ аз оташи Намруд, раҳоии ӯ ва Лут (а) ба воситаи ҳиҷрат ба сарзамини муборак, қиссаҳои Лут (а), Нӯҳ (а), каме муфассалтар дар бораи Довуду Сулаймон (а), доварии онҳо, зиреҳсозии Довуд (а), ба Сулаймон (а) фармонбардор будани боду девҳо, қиссаҳои Айюб (а), Исмоил (а), Идрис (а), Зулкифл (а), Юнус (а) (бо номи Зуннун зикр ёфтааст), Закариё (а), Яҳё (а), Марям ва дар охир баёни Пайғамбари Ислом (с), пайғамбар фиристода шудани ӯ ва уммати ӯ оварда шудааст. Ба Яъҷуҷу Маъҷуҷ ҳам ишорате ҳаст.

Дар зимни Анбиё оятҳое низ дарҷ гардидаанд, ки мазмуни онҳо чунин аст: исботи тавҳид, накӯҳиши ширк ва мушрикон, рисолати пайғамбарон (а), аҳволи муъминон ва кофирон дар рӯзи бозпасин, қудрату тавоноии Худо, адли ӯ ва ғ.

« Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯйгардонанд. Ayah.svg Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳар панде тозае омад, онро шуниданд ва саргарми бозича буданд. Ayah.svg Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамгарон сар дар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард як инсоне монанди шумо нест? Оё бо он ки ба чашмн худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?» Ayah.svg Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва Ӯ шунавову доност». Ayah.svg Гуфтанд: «На Хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебофад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад». Ayah.svg Пеш аз онҳо мардуми деҳаеро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд? Ayah.svg Мо пеш аз ту ба пайрамбарӣ фақат мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем фиристодем ва агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед. Ayah.svg Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд. Ayah.svg Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо додем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем. Ayah.svg Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он шарафи бузурги шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед?
»

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.
СИ ЭМТ (2011). ЭМТ 1. Душанбе: Эр-Граф. p. 422. ISBN 978-99947-33-453. 


Сураи қаблӣ: Тоҳо Сура 21Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Ҳаҷ