Авлиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авлиё (ар. أولياء‎), валӣ — таълимоти ислом, касе, ки гӯё бо илҳоми илоҳӣ ё бо роҳи таҳзиби ахлоқ, риёзати нафс ва таҳсили илму маърифати илоҳӣ ба Худо наздик шудааст. Аз нуқтаи назари тасаввуф агар дигарон охиратро дар хоб бинанд, Авлиё дар бедорӣ мебинад ва ба ҳаводиси олам таъсир расонда метавонад. Авлиё гӯё бо илми ладунӣ (ғайбӣ), яъне бо илму дониши худодод аз асрори илоҳӣ огоҳ шуда, метавонад баъзе воқеот, фоҷиаву бадбахтиҳоро пешгӯӣ ва бартараф кунад. Ин ақидаҳо дар бораи Авлиё ва каромот бофтаҳои авомфиребонаи ҳомиёни дини ислом аст. Дар «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор оид ба шарҳи аҳволи Авлиё маълумоти фаровоне дода шудааст.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]