Абусаид Мирзо
|
|
Таваллуд |
1424 |
Даргузашт |
8 феврал 1469[1] |
Дудмон | дудмони Темурӣ |
Падар | Муҳаммад Мирзо[d] |
Фарзандон | Умар Шайхмирзо[d], Sultan Ahmed Mirza[d], Ulugh Beg Mirza[d] ва Sultan Mahmud Mirza[d] |
Эътиқод | ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абусаид (Абусаид ибни Муҳаммад ибни Мироншоҳ ибни Темур; 1424, Самарқанд — 8 феврал 1469[1], Ҳирот) — ҳаштумин султони Мовароуннаҳру Хуросон аз хонадони Темуриён (1451—1469).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абераи амир Темур, набераи Мироншоҳ. Кӯдакӣ ва навҷавониашро дар Самарқанд назди Улуғбек сипарӣ кардааст. Ҳангоми қатли Улуғбек бо ҳукми Абдуллатиф дар зиндон буд, лекин баъди марги ӯ аз асорат раҳоӣ ёфта ба Бухоро рафт. Баъдтар бо кумаки Абулхайрхони ӯзбек аз Тошканд ба Самарқанд омад ва июни соли 1451 рақиби худ Абдуллоҳ ибни Иброҳимро (набераи дигари Шоҳрух), ки ба ҷои Абдуллатиф нишаста буд, қатл кард.
Забткориҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз ин ӯ иқтидори худро дар ҳудуди Мовароуннаҳру Туркистон, Хуросону Мозандарон ва бахшҳои Афғонистони имрӯза ба муддати мадид устувор намуд. Дар ҳамон вақт Эрон (Озарбойҷон), Ироқи Араб, Ироқи Аҷам, Исфаҳону Форс ва бахши Хуросон дар тасарруфи хонадони Қароқуюнлу қарор доштанд. Абусаид кӯшиш кард империяи бобояшро барқарор кунад, лекин ин иқдоми ӯ натиҷаи дилхоҳе надод, зеро байни шоҳзодагони темурӣ Муҳаммад ибни Бойсунқур, Абулқосим Бобур ва дигар ҷангу ҷидол идома доштанд. Соли 1452 салтанати Темуриён, ки ҳафтод сол пеш барқарор шуда буд (дар Эрону Байнаннаҳрайн), аз байн рафт. Соли 1460 Ҳусайн Бойқаро (набераи Умаршайх) Ҳиротро, ки Абусаид аз дасти Қароқуюнлуҳо бозпас гирифта буд, зери тасарруфи худ даровард. Абусаид бо кумаки ӯзбекон қудрати худро барқарор карда бошад ҳам, шӯришҳову қиёмҳои шоҳзодагони темурӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон қатъ нагаштанд. Абусаид дар юриши зидди Оққуюнлуҳо соли 1469 шикаст хӯрд ва ҳангоми фирор (5 феврали 1469) аз тарафи Ёдгор Муҳаммад (набераи Шоҳрух) дастгир карда, ба қатл расонда шуд (А. Гавҳаршод — ҳамсари Шоҳрухро 12 сол муқаддам дар Ҳирот ба қатл расонда буд). Заволи қатъии империяи Темуриён бо марги Абусаид сар шуд. Пас аз ин Узун Ҳасан Эрони ғарбӣ ва марказиро бо Табрезу Бағдод, Султония, Рай, Исфаҳон, Шероз ва Кирмон зери тасарруфи худ даровард. Абусаид тавонист дар салтанати 18-солааш дар давлатдорӣ Мовароунннаҳр ва Хуросонро устувор нигаҳ дорад, лекин дар ҷиҳати эҳёи империя ба мурод нарасид. Барои пешрафти сиёсати худ такя ба қабилаҳои туркнажоди арғун мекард. Воситаи муҳимтарини қудрати ӯ суюрғол, яъне бахшоиш ва вогузорӣ ба сардорони қабила ва ашрофи турку тоҷик буд. Абусаид худро муриди Хоҷа Аҳрор медонист. Сиёсати Абусаид дар заминаи умури дохила таъмини пешрафти кишоварзӣ ва тиҷорат буд. Боз ҳам фаровон ва беҳтар гардонидани системаи обёрӣ (наҳрҳо, корезҳо, ҷӯйборҳо, чоҳҳо ва ғайра) аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иқтисодии Абусаид маҳсуб мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мухторов А., Амирон ва вазирони сомонӣ, Д., 1997;
- Номаи Оли Сомон. Маҷмӯаи мақолот. Маҷмӯаи илмии тамаддун, таърих ва фарҳанги Сомониён, Т., 1377;
- Фрай Р. Н., Сомониён. // Таърихи Эрон аз зуҳури ислом то омадани давлати Салҷуқиён.
- Аз фурӯпошии давлати Сосониён то омадани Салҷуқиён, Т., 1380;
- Ноҷӣ Муҳаммадризо, Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён, Т., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абусаид Мирзо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Зодагони соли 1424
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 8 феврал
- Даргузаштагони соли 1469
- Шоҳаншоҳии Темуриён
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Темуриён