Алиасғари Шеърдӯст
Алиасғари Шеърдӯст форсӣ: علی اصغر شعردوست | |
Таърихи таваллуд: | 1962 |
Зодгоҳ: | Табрез |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, ходими давлатии Эрон |
Забони осор: | форсӣ ва озарбойҷонӣ |
Алиасғари Шеърдӯст (форсӣ: علی اصغر شعردوست тав. 1962 Эрон) — ходими давлатии Эрон, доктори илми филологӣ (1990), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1998), Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алиасғари Шеърдӯст Донишгоҳи Теҳронро ба поён расондааст (1980). Корманди Кумитаи Садои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Шӯрои густариши забон ва адабиёти форсӣ, интишороти байналмилалии Алҳудо, Раёсати умури фарҳангии Осиёи Миёна ва Қафқоз, интишороти Сурӯш (1980-2000). Намояндаи мардум дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон (2000). Мушовири Раиси ҷумҳурии ҶИЭ, Раиси котиботи Шӯрои Олии оид ба эрониёни хориҷии берун аз кишвар. Муншии куллии Анҷумани дӯстии ҶИЭ ва Озарбойҷон (2004-2007). Сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон (2008 - 20). Самти асосии фаъолияти илмӣ:адабиётшиносӣ. Доктори ифтихории ДДХ ба номи Б.Ғафуров (1998).[1].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шеъри муосири Эрон. – Душанбе,2012.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Зиндагиномаи сафир Алиасғари Шеърдӯст. 27 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Декабри 2012.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Бойгонӣ шудааст 19 апрели 2012 сол.