Чинор Имомов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чинор Имомов
Чинор (Очилдӣ) Искандарович Имомов
парчам
сиёсатмадор, арбоби давлатӣ, узви КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон
1923 — 1937

Таваллуд 16 октябр 1898(1898-10-16)
Даргузашт 14 октябр 1939(1939-10-14) (41 сол)
Эътиқод Ислом

Чинор Имомов (форсӣ: چنار اسکندروویچ امام اف‎ — Чинор (Очилдӣ) Искандарович Имомов; 16 октябри 1898, Ноҳияи Панҷакент14 октябри 1939, Сахалин) — арбоби давлатии тоҷик, узви КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Чинор (Очилдӣ) Искандарович Имомов 16 октябри соли 1898 дар деҳаи Зебони волости Панҷакенти вилояти Самарқанд, генерал – губернатории Туркистон таваллуд шудааст. Чинор Имомов дар кӯдакӣ аз волидайн маҳрум мемонад. Соли 1909 бешабони рус Василий Волков (дӯсти оилаи Имомовҳо) Чинорро ба тарбияи худ гирифт. Ӯ дар ҳамин оила забони русиро омӯхт ва соли 1911 ӯро ба мактаби русӣ барои маҳаллиёни шаҳри Самарқанд месупоранд. Ч. Имомов соли 1917 мактабро бо муваффақият хатм мекунад. Вай дар вазифаҳои котиби созмони ҷамъиятии “Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон”( дар соли 1918), моҳи июни соли 1918 ба сафи ҳизби комунистӣ дохил мешавад. Ва моҳи декабри ҳамин сол раиси кумитаи инқилобии уездию шаҳрии Истаравшан (Уротеппа), соли 1920—1922 ӯ сарварии кумитаҳои ҳизбии уездию шаҳрии Ҷиззах ва Самарқандро ба уҳда дошт. Чинор Имомов моҳи октябри соли 1923 ба вазифаи ҷонишини якуми раиси Комиссияи марказии назорат ва Комиссари халқии Инспектсияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон пешбарӣ мегардад. Чинор Имомов дар солҳои 30 – юми асри XX, мутаассифона қурбони дасисаҳо гардид. Ҳанӯз ба синни 40 нарасида риштаи умраш ба таври фоҷиавӣ канда мешавад.(Чинор Имомов қаҳрамон аст?|бештар... Бойгонӣ шудааст 6 май 2016  сол.)

Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Чинор Имомов: Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Алексей Дьяков, Файзулло Хочаев, Абдулло Раҳимбоев, Ашӯров Урунбой, Абдуллоев Сайфулло, Исмоилов Иброхим, Анваров Саидаҳмад, Мавлонбеков Аҳмадбек, Абдураҳим Ҳоҷибоев буданд.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Евгений Тяжельников. «Они были первыми». — М.: Молодая гвардия, 2013. — С. 53-54. — 192 с. — 12 000 экз.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]