Jump to content

Вулусволии Хоҳон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вулусволии Хоҳон
Вулусволии Хоҳон дар нақшаи Бадахшон
Донистаниҳо
Кишвар : АфғонистонПарчами Афғонистон
Вилоят : Бадахшон
Марказ: Хвоҳон
Замони таъсис : 4 марти 1978
Раиси ноҳия: Дуктур Муҳаммад Ғуфрон
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : ?
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи Рутоҳо : 49-> [1]
Мардум
Аҳолӣ (2011) : 27, 000 кас [2]
Забони расмӣ : Форсӣ, Пашту
Забонҳои гуфторӣ : Форсӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KWH
ISO: AF, BDS, KWH
Пешшумора :
Нишонии почта : 3459
Замон : UTC+4:30
Вебгоҳ :
Шумораи мошинҳо :

Вулусволии Хоҳон (форсӣ: ولسوالی خواهان‎) — яке аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон аст ва дар шимолу шарқи Афғонистон ҷой дорад. Хоҳон яке аз ҷамоатҳои вулусволии Дарвоз буд ва дар 4 марти соли 1978 аз он ҷудо карда шуд.

Маркази ин вулусволӣ шаҳри Хоҳон (форсӣ: شهر خواهان‎) аст. Бар асоси омори соли 2011, вулусволии Хоҳон 27 000 ҳазор тан бошанда дошт аст[2].

Вулусволии Хоҳон сарзамине бо ду бахш мебошад: бахши марказияш шаҳри Хоҳон ва бахши кӯҳистонияш Ҳавзи шоҳ ва Водии Эш мебошад. Дар шимол бо ноҳияи Дарвоз, шимолу ғарб бо рӯди Панҷ ва ноҳияи Шӯрообод, аз ғарбу ҷануб — бо вулусволии Роғистон, аз шарқ — бо вулусволии Кӯфоб ҳаммарз аст.

Муҳалаи Шоҳони Шурообод ва Хоҳон.
Пули «Дӯстӣ» миёни Тоҷикистон ва Парчами Афғонистон Афғонистон, дар минтиқаи шаҳристони Хоҳон, ва Ноҳияи Шӯрообод,پل دوستی میان افغانستان و تاجیکستان, در منتقه ی شهرستان خواهان و ناحیه شورآباد
Маҳаллаи Каҳдонак дар вулусволии Хоҳон.
Намое аз Хоҳон

Мардуми Хоҳон ба гӯиши дарвозии забони Форсӣ сухан мегӯянд.


Бахшҳо ва Рустоҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. [1]
  2. 2.0 2.1 вулусволии Хоҳон