Jump to content

Митинг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Митинг — (аз калимаи англисии meeting) намоиш, гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ — маҷлиси оммавӣ ба муносибати ягон масъалаи муҳим, бештар масъалаҳои сиёсӣ барои дастгирӣ намудани ягон талабот, изҳори ҳамфикрӣ ё эътироз. Мувофиқи Консгитутсияи Тоҷикистон маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, бо тартибе, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо, гирдихамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» аз 22 маи соли 1998 муқаррар гаштааст, гузаронида мешаванд.[1]

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Роҳпаймоӣ дар Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, дар замони тобеияти ҷумҳурӣ ба ИҶШС ҳар сол намоишҳо ба муносибати Иди байналхалқии меҳнаткашон - 1 май ва Иди ғалабаи Инқилоби сотсиалистии Октябрӣ - 7 ноябр дар шаҳру маркази вилоятҳои ҶШС Тоҷикистон баргузор мегардиданд. Митингҳои эътирозӣ дар арафаи пошхӯрии ИҶШС ва рӯй додани зиддияти байни собиқ Ҳукумат ва нерӯҳои оппозитсионӣ, солҳои 1991 ва 1992 дар шаҳри Душанбе шуда гузаштаанд. Митингу намоишҳо ва роҳпаймоиҳои даврони асри XXI дар ҷумҳурӣ асосан ба муносибатҳои Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон9 сентябр, Иди байналмилалии Наврӯз — 21 - 24 март Рӯзи Парчами Тоҷикистон24 ноябр ва баъзе диг. иду ҷашнҳои миллӣ баргузор мегарданд.

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 295