Ноҳияи Рӯшон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Рӯшон
Ноҳияи Рӯшон дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Кӯҳистони Бадахшон
Марказ: Вамар
Замони таъсис : 27 октябри 1932
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 5870,7 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 7
Мардум
Аҳолӣ (2003) : 25 300 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, хӯфӣ
Мазҳаб : исмоилӣ
Нишониҳо
Сарвожа : RU
ISO-намоя : TJ.BK.RU
Пешшумора : +992 3556
Нишонии почта : 736200
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 04РТ


Ноҳияи Рӯшон (порсӣ: روشان) - яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 29-уми октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Рӯшон шаҳраки Вамар (порсӣ: وامر) аст, ки 67 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Бартанг ба рӯди Панҷ ҷой дорад.


Ҷуғрофия[вироиш]

Ноҳияи Рӯшон дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулом ва Рӯшон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Ванҷ, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ва дар ғарб бо вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Рӯшон ба ҷанубу ғарби он рӯди Бартанг гузар мекунанд.

Ноҳияи Рӯшон 5870,7 км² масоҳат дорад.

Бахшҳои идорӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рӯшон 7 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯшон
Ҷамоат Аҳолӣ
Бар-Рӯшон 7183
Бартанг 1854
Басид 1400
Пастхӯф 2773
Рӯшон 5587
Савноб 2774
Шидз 2015

Идора[вироиш]

Сарвари ноҳияи Рӯшон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Рӯшон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Рӯшон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Аҳолӣ[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2006 дар ноҳияи Рӯшон 25 300 нафар зиндагӣ мекунад. Мардуми Рӯшон ба забонҳои рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ ва хӯфӣ сухан мегӯянд.

Таърих[вироиш]

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, Рӯшону Шуғнон дар гузашта як сарзамин буда Шуғнон (порсӣ: شغنان) ном доштаанд.[2]

Рӯшону Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Рӯшон сарзамини имрӯзаи ноҳияи тоҷикии Рӯшон ва бахши шимолии вулусволии афғонии Шуғнон (порсӣ: شغنان) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Рӯшон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[3]

Рӯшон дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Вамар менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Рӯшон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Ванҷу Рӯшон як ноҳия буданд.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved May 21, 2010. 
  2. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  3. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0

Манобеъ[вироиш]

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0


Ноҳияҳои Бадахшон
Ноҳияи Дарвоз. Ноҳияи Ванҷ. Ноҳияи Рӯшон. Ноҳияи Шуғнон. Ноҳияи Роштқалъа. Ноҳияи Ишкошим. Ноҳияи Мурғоб.