Ноҳияи Мурғоб

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Мурғоб
Ноҳияи Мурғоб дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Кӯҳистони Бадахшон
Марказ: Мурғоб
Замони таъсис : 27 октябри 1932
Раиси ноҳия: Майрамбек Тойчиев
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 38442,2 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 6
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 16 900 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : шуғнӣ, рӯшонӣ, қирғизӣ
Мазҳаб : исмоилӣ, ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : MU
ISO-намоя : TJ.BK.MU
Пешшумора : +992 3554
Нишонии почта : 736600
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 04РТ


Ноҳияи Мурғоб (қирғизӣ: Нуркап району), (порсӣ: ناحیۀ مرغاب) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27-уми октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Мурғоб шаҳраки Мурғоб (порсӣ: مرغاب) аст, ки 324 км шарқтар аз шаҳри Хоруғ дар каронаи рӯди Марғоб ҷой дорад.


Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Мурғоб дар шимол бо вилояти Уши Қирғизистон, дар шарқ бо ноҳияи мухтори Синчиён-Уйғуристони Чин, дар ҷануб бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад. Ин ноҳия дар шимолу ғарб бо ноҳияҳои Тавилдараву Ҷиргатол ва дар ғарб бо ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим ҳамсоя аст.

Аз шарқи ноҳияи Мурғоб ба ғарби он рӯдҳои Мурғоб ва Ғунд гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.

Ноҳияи Мурғоб 38442,2 км² масоҳат дорад.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2006 дар ноҳияи Мурғоб 16 900 нафар зиндагӣ мекарданд. Мардуми ноҳияи Мурғоб ба забонҳои шуғнӣ, рӯшонӣ ва қирғизӣ сухан мегӯянд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Мурғоб 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Мурғоб
Ҷамоат Аҳолӣ
Аличур 1788
Гадобердиев
Қарокӯл 3532
Қизилработ 1471
Мурғоб 6365
Рангкӯл 1165


Раҳбарӣ[вироиш]

Сарвари ноҳияи Мурғоб Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Мурғоб - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Мурғоб ба муддати 5 сол интихоб мешавад.



Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved May 21, 2010. 

Манобеъ[вироиш]

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0


Ноҳияҳои Бадахшон
Ноҳияи Дарвоз. Ноҳияи Ванҷ. Ноҳияи Рӯшон. Ноҳияи Шуғнон. Ноҳияи Роштқалъа. Ноҳияи Ишкошим. Ноҳияи Мурғоб.