Jump to content

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
جمهوريت اجتماعی شوروى مختار تاجيكستان
Çumhūrijati Sūsiolistiji Şūraviji Muxtori Toçikston
[[Image:{{{Парчам}}}|Парчам|130px]] [[Image:{{{Нишон}}}|Нишон|90px]]
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон|]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ
Пойтахт Душанбе
Шаҳри калонтарин Душанбе, Кӯлоб, Ӯротеппа
Идораи давлат
раиси КИМ ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
135 620. км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ ([[(1926)]])
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
827,1 ҳаз. наф.
нафар/км²
Пули миллӣ
Интернет-Домен
Коди телефон +
Соат UTC
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШС Тоҷикистон)(тоҷикӣ: جمهوريت اجتماعی شوروى مختار تاجيكستان / Çumhūrijati Sūsiolistiji Şūraviji Muxtori Toçikston) — ҷумҳурии мухтор (солҳои 1924 -1929) яке аз воҳидҳои маъмурии ҶШС Ӯзбекистон (дар ҳайати ИҶШС).

  • Республикаи Социалистии Советии Мухтори (Автономии) Тоҷикистон (Таджикская Автономная Социалистическая Советская Республика), Республикаи Мухтори Социалистии Советии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон (ҶМСШТ)
  • Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШСТ)
  • Ҷумҳурии худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶХШСТ)
Ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон

14 октябри соли 1924 дар натиҷаи таъйиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, аввал бо номи Ҷумҳӯрияти Сӯсиолистии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон (ба хати лотин Çumhūrijati Sūsiolistiji Şūraviji Muxtori Toçikiston) (ИҶШС) таъсис ёфт. ҶМШС Тоҷикистон - иборат аз вилоятҳои Қаротегин (Ғарм ва Дарвозу Ванҷ), Кӯлоб, Қурғонтеппа, Ҳисор, ноҳияи Панҷакент (ва Фалғар - ноҳияи Айнӣ), - ноҳияи Ӯротеппа (ва Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) ва қисман ноҳияи Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия буд.

Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШС Тоҷикистон) дар маҷлиси якуми худ, ки 9 декабри соли 1924 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, масъалаҳои тартиби ба таври расмӣ эълон кардани таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе кӯчида омадани ҳайати ҳукумат, тасдиқи сохтори дастгоҳи ҳукумат, буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла масъалаи муайян намудани маълумоти мушаххас оид ба шумораи аҳолии ба ҳайати ҷумҳурӣ дохилшаванда, ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШС Тоҷикистон) ҳамроҳ карда мешуд, дар бораи расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳое, ки аз ҷанги босмачигарӣ зарар дидаанд ва ғайраҳоро муҳокима кард. Ҳангоми муайян кардани сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ махсус қайд карда шуд, ки бояд «дар навбати аввал Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, Раёсати сиёсии давлатӣ (ГПУ), Комиссариати молия, Комиссариати маориф, Комиссариати адлия ва прокуратураи давлатӣ ташкил карда шаванд». Ҳамин тавр Комиссариати халқии адлия яке аз аввалин комиссариатҳое буд, ки дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд.[1]

Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил буд, ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. 29 апрели соли 1929 дар анҷумани II Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул шудааст.

Талошҳо барои пайвастани маҳалҳои тоҷикнишин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳрамоние, ки Конибодому конибодомиён нишон доданд дар таърихи навини тоҷик бемисл аст. Феврали соли 1925 конибодомиён поезди Раиси ВСИК Михаил Калининро, ки ба самти водии Фарғона ҳаракат мекард, нигоҳ дошта аз ӯ хоҳиш карданд, ки то волосташонро ба Тоҷикистон бипайванданд ва ё мухторият бидиҳанд, зеро онҳо тоҷиканд. Конибодомиён бо ин амалашон на танҳо Конибодомро, балки Исфараву деҳаҳои тоҷикнишини атрофро наҷот доданд. Дертар сарварони ин иқдом Аъзам Нодиров ва Маҳмудҷони Ашурмуаҳаммадзодаро - Маҳмудҷон ревком (падари асосгузори филмҳои мазҳакавии тоҷик Муқадас Маҳмудов) баҳри амали густохонаашон ба лагерҳои сталинӣ партофтанд, Аъзам Нодиров дар он ҷон дод.[2].

16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шудааст. 5 декабри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС қабул шудааст.

  1. Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих(пайванди дастнорас)
  2. Ҳабиб Саид. Душмани №1 тоҷик - вируси М(тоҷ.). virusim.blogspot.com. 14 май 2020 санҷида шуд.