Қурғонтеппа

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Қурғонтеппа
[[Акс:{{{Харита}}}|center|200px]]
[[Акс:|center|150px]]
Нишон
{{{Нишон}}}
Вилоят: Хатлон
Замони таъсис: садаҳои I – IV м.
Шаҳр аз: Қурғонтеппа
Координатаҳо:
Иқлим:
Масоҳат (га): ??
Паҳноӣ(км): {{{Паҳноӣ}}}
Дарозӣ (км):
Аҳолӣ, ҳазор нафар: 85 ҳазор тан
Коди телефонӣ: +992 {{{Коди телефонӣ}}}
Нишонаи почта:
Вақт: UTC +4

Қурғонтеппа (форсӣ: قرغان‌تپه) - маркази маъмурии вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷой дорад.

Қурғонтеппа дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 85 ҳазор нафар ҷамъият севумин шаҳри Тоҷикистон аст.

Қурғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз узбакҳо ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад.

Шаҳри Қурғонтеппа дар солҳои 1944 - 1992 маркази вилояти Қурғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.


Мундариҷа

[вироиш] Таърих

Таърихномаҳо ва осори ҷуғрофиёӣ гувоҳанд ки Қурғонтеппа дар гузашта Леваканд ном доштааст. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳр дар ҷои Қӯрғонтеппа ҳануз дар замони Кушониён (садаҳои I – IV м.) вуҷуд доштааст[1]. Он шаҳр то замони густариши ислом дар Тоҷикзамин яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш будааст. Дар авохири садаи VII – оғози садаи VIII ин шаҳрро мусулмонон гирифтанд ва аз он пас дар таърихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи Ловаканд ва Леваканд ёд шудааст. Чунончӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсии Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» (навишташуда дар соли 950 м.) менависад ки «аз Ловаканд (لاوَکـَند) то Ҳаловард (هـَلاوَرد) як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст»[2]. Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ - «Ҳудуд ул-олам» ки дар соли 982 м. таълиф шудааст – оварда ки «Леваканд (لیوَکـَند) аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад»[3]. Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х – Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади Муқаддасӣ (945 – 1000 м.) дар китоби маъруфаш «Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим» ин шаҳрро «Ловаканд» навиштааст.

Бино бар манобеъи таърихӣ, Леваканд дар садаҳои X – XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда вале ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шуда аст. Дар паи қатли омми левакандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр аз ёдҳо рафт ва ҷояш низ фаромӯш гашт. Пас аз ҳафтсад сол вайронаҳои Левакандро бостоншиноси шӯравӣ Т.И. Зеймаль пайдо кард. Дар паи кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ ошкор шуд ки Леваканд ҳамон харобаҳои Қӯрғонтеппа буда ки калонтарин харобаест ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст[4].

Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр дар таърихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест ки бар теппае дар маркази шаҳр, дар миёни Ҷӯйбор ва Ҷӯи Хонум, ҷой дорад. Ба гуфтаи бостоншиносон ин теппа ҳанӯз дар замони ҳукмронии Кушониён вуҷуд доштааст.

[вироиш] Решашиносии ном

Реша ва маънои ҷойноми Левакандро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Бахши нахусти ин ҷойном - «лева-» дигаргашта аз вожаи балхии «дева-» ба маънии «эзид» аст ва бахши дувум – «-канд», яқинан бозмондаи вожаи авестоии *kanθā- > kand ба маънои ободӣ ва шаҳр аст ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошта ва дар номи Мароканд (Самарқанд), Пайканд, Панҷиканд, Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯканд омадааст.


Аз ин додаҳо чунин бармеояд ки маркази кунунии вилояти Хатлон пешинаи 2000-сола дорад ва беш аз 1300 сол Леваканд ном доштааст.

[вироиш] Пайнавиштҳо

  1. Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с. – саҳ. 69
  2. Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсӣ. Масолик вал-мамолик. (Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м. – саҳ. 217
  3. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119
  4. Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67. – саҳ. 50

[вироиш] Манобеъ

русӣ:

  • Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67.
  • Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с.

форсӣ:

  • «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м.
  • Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсӣ. Масолик вал-мамолик. (Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м.

[вироиш] Пайванд

  • Умед ҶАЙҲОНӢ. ҚӮРҒОНТЕППА ё ЛЕВАКАНД [1]
Абзорҳои шахсӣ
Фазоҳои ном

кирилликӣ

Вариантҳо
Амалкардҳо
Гаштан
Ҷаъбаи абзор
бо забонҳои дигар