Jump to content

Абдуллои Султон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллои Султон
Таърихи таваллуд 15 апрел 1955(1955-04-15)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 сентябр 2010(2010-09-10) (55 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Абдулло Султон (Султонов Абдуллоҳ Қӯзихонович; 15 апрели 1955, деҳаи Меҳнатобод, ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон10 сентябри 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони маъруфи тоҷик, асосгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулло Султон 15 апрели соли 1955 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст[1]. Соли 1977 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст.

Фаъолияти ҳунарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз чанд соли фаъолият дар радио фаъолияти хешро дар Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Баъд аз чанд муддати фаъолият дар ансамбли «Шашмақом» ба Ансамбли давлатии «Дарё»и кумитаи зикриномрафта гузариш менамояд ва то охири умр овозхони ансамбл мазкур буд[2]. Шодравон Абдулло Султон тавонист дар баҳри беканори санъати мусиқӣ ҳамчун ғаввоси моҳир ғўтта зада, аз қаъраш дурру гуҳари фаровон ба каф орад ва ба мардум расонад.

Сурудҳои яғнобӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулло Султон бунёдгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд мавсуф ба Яғнобу мардуми он ҳеҷ иртибот надошт, дар дилаш ба эҷодиёти даҳонии ин минтақаи суғдзоди кишвар меҳру муҳаббат ҷўш зад ва навоҳои яғнобиро вирди забонҳо гардонд:

  • «Яғноб шамол во-во»
  • «Духтари суғдӣ»
  • «Яғнобба мурам»
  • «Чи сар борон авесе»
  • «Яғноб гули райҳонай»
  • «Ид муборак бод»
  • «Яғноб дурай»
  • «Суғди мейним осаним»
  • «Яғнобба обаш ширин»
  • «Мо суғдиёнем»

Сурудҳои дигар

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Тоҷикистон», «Рўди Сир», «Зулфи мушкин», «Муҳаббат», «Наврӯзӣ», «Корвон», «Бо чашми наку», «Васфи чӯпон», «Дилором», «Сайри бўстон», «Падар», «Зуд бирафтӣ», «Пайғом», «Рӯ аз ту нагардонам», «Боғи Фирдавс», «Чобуксаворо», «Эй шамсу қамар», «Панд», «Бунафша», «Зиндонии хаёл», «Лолаи ман», «Дўстӣ», «Афсўс», «Нигоҳ» ва ғайра

  1. [1]
  2. [2]