Абдулмутталиб
| Абдулмутталиб | |
|---|---|
| | |
| Иттилооти инфиродӣ | |
| Касб, шуғл: | бозаргон |
| Таърихи таваллуд: | тақрибан 480 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 579 |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Маҳалли дафн: | |
| Миллат: | араб |
| Падар: | Hashim ibn 'Abd Manaf[d] |
| Модар: | Salma bint Amr[d] |
| Ҳамсар | Fatima bint Amr[d], Halah bint Wuhayb[d], Sumra bint Jundab[d], Lubna bint Hajar[d], Nutayla bint Janab[d] ва Mumanna'a bint 'Amr[d] |
| Фарзандон: | Абутолиб ибни Абдулмуталлиб, Az-Zubayr ibn ‘Abd al-Muttalib[d], Аббос ибни Абдулмутталиб[d][1][2], Harith ibn ‘Abd al-Muttalib[d], Ҳамза ибни Абдулмуттолиб[d][1], Safiyyah bint ‘Abd al-Muttalib[d], Абу Лаҳаб[1], Atika bint Abdul Muttalib[d], Al-Ghaydaq ibn Abdulmuttalib[d], Al-Muqawwim ibn Abdul-muttalib[d], Dirar ibn Abd al-Muttalib[d], Quthum ibn Abdul-Muttalib[d], Hajl ibn Abdul Muttalib[d], Umama bint Abdulmuttalib[d], Umm Hakim bint Abd al-Muttalib[d], Barrah bint Abdul Muttalib[d], Arwa bint Abd al-Muttalib[d] ва Абдуллоҳ ибни Абдулмуттолиб |
Иттилооти иловагӣ |
|
| Лоиҳаҳои алоқаманд: |
|
Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманаф ал-Қурашӣ (ар. عبد المطلب بن هاشم بن عبد مناف القرشي; тав. 500, Мадина — 579, Макка, Хиҷоз) — бобои паёмбар Муҳаммад (с).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шайба ибни Ҳошим соли 497 дар Мадина таваллуд шудааст. Падари ӯ, Ҳошима ибни Абдуманоф асосгузори қабилаи ҳошимиён, модараш Салма бинти Амр аз қавми Бани ал-Ҳазраҷ., қабилаи бани Наҷар буд. Пас аз марги Ҳошим ибни Абдуманоф масъулияти ташкили ҳаҷ ба дӯши бародараш Мутталиб ибни Абдуманаф вогузор шуд. Вақте Муталиб ибни Абдуманоф ба Мадина расид, Шайбаро ҳамроҳ ба Макка бурд. Дар Макка гумон карданд, ки Шайба ғуломи Мутталиб аст ва ӯро Абдулмутталиб (ар. عبد المطلب ғуломи Мутталиб) ном бурданд. Баъди даргузашти Мутталиб Абдулмутталиб масъулияти ташкили ҳаҷро ба уҳда гирифт ва дар байни мардум эҳтироми зиёд пайдо кард [3].
Баъди даргузашти модари паёмбар Муҳаммад Амина бинти Ваҳб, Абдулмутталиб набераи шашсолааш Муҳаммадро ба парастории худ гирифт, вале баъд аз ду сол даргузашт ва писараш Абӯтолиб парасториро ба худ гирифт [3].
Фарзандон
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулмутталиб 10 писару 6 духтар дошт [3] :
- Ҳарис ибни Абдулмутталиб
- Зубайр ибни Абдулмутталиб
- Абутолиб ибни Абдулмутталиб падари халифа Алӣ ибни Абутолиб, асосгузори сулолаи Алидон аст.
- Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб — падари паёмбар Муҳаммад
- Ҳамза ибни Абдулмутталиб — амаки ҳазрати Муҳаммад (с), иштирокчии ҷангҳои зидди мушрикони Макка.
- Абдулуззо ибни Абдулмутталиб (Абу Лаҳаб) — яке аз мухолифони ашаддии ҳазрати Муҳаммад (с) дар давраи охири фаъолияти Маккаиаш
- Гидак ибни Абдулмутталиб
- Мақвом ибни Абдулмутталиб
- Сафар ибни Абдулмутталиб
- Аббос ибни Абдулмутталиб (566-653) - писари хурдии Абдулмутталиб, падари Абдулло ибни Аббос, асосгузори сулолаи Аббосиён
- София бинти Абдулмутталиб - аммаи ҳазрати Муҳаммад, модари Зубайр ибни Аввом [3].
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Али-заде А. А. Абд аль-Мутталиб // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
- Rubin, Uri. ʿAbd al-Muṭṭalib b. Hāshim // Encyclopaedia of Islam, THREE.
- Pakatchi, Ahmad; Khodaverdian, Shahram. ʿAbd al-Muṭṭalib b. Hāshim // Encyclopaedia Islamica.
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Али-заде А. Абд аль-Мутталиб (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ Али-заде А. Аббас ибн Абд аль-Мутталиб (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Али-заде, 2007.