Абдулсалом Ориф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдулсалом Ориф
ар. عبد السلام عارف
President Abd al-Salam Arif.jpg
Таваллуд 21 март 1921(1921-03-21)
Даргузашт 13 апрел 1966(1966-04-13)[1][2][3] (45 сол)
Ҳизб
Эътиқод суннӣ
Навъи артиш Iraqi Army[d]
Рутба Генерал
Набардҳо
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Абдулсалом Муҳаммад Ориф ( ар. عبد السلام عارف1921, Бағдод13 апрели 1966 ) – арбоби низомӣ, сиёсӣ ва давлатии Ироқ; Президенти Ироқ аз соли 1963 то 1966. Вай дар сарнагун кардани ҳокимияти подшоҳӣ нақш асосй бозид. Бо пуштибонӣ дар артиш ва ҳизби Баъс, Ориф пас аз сарнагун кардани Абдулкарим Қосим президенти кишвар мешавад. Ӯ дар суқути ҳавопаймо дар ҷануби Ироқ ба ҳалокат расид. Баъд аз марг ӯ, бародари калонии ӯ Абдулраҳмон Ориф президенти Ироқ гардид.

Президентӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз суқути Қосим дар ҷараёни табаддулоти мусаллаҳона Абдулсалом Орифр президенти нави кишвар интихоб шуд, мақоми нахуствазирро Аҳмад Ҳасан ал-Бакр ишғол кард. Ҳизби Баъс ба сари хокимият омад, ки вай бо ёрии гвардиям миллй ба муқобили коммунистон ва дигар қувваҳои оппозиционӣ таъқибро cap кард. Аз моҳи феврал то ноябр, тақрибан. 5 хазор нафар ва бештар аз 10 хазор нафар ба зиндон андохтанд. Аммо дар баробари хамин зиддиятҳои байни Баъс, носирчиёни Ирок ва ЧАН, ки дар бораи муносибати гуфтушунид дар бораи бо Миср муттаҳид намудани Ироқ розй набуданд, тезу тунд шуд, ки дар натиҷа иттиҳоди сотсиалистӣ барҳам хурд.

Марг[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоми 13 апрели 1966 чархбол бо президент Ориф аз Басра ба Бағдод парвоз кард. Аз паси у боз ду чархболи дигар ба парвоз баромаданд, ки ба макони таъйиншуда расиданд. Аммо чархбол бо президент ба макон ҳозир нашуд. Пораҳои чархбол субҳи рӯзи дигар дар соҳили дарёи Шатт-ал-Араб дар наздикии минтақаи Ал-Кун пайдо шуданд. Ҳеч яке аз мусофирони ҳавопаймо зинда намондааст [4].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. Munzinger Personen (нем.)
  4. Salaam Knowledge