Jump to content

Абдураҳим Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдураҳим Раҳимов
Абдураҳим Раҳимов
Таърихи таваллуд 5 январ 1952(1952-01-05)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 8 сентябр 2001(2001-09-08) (49 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Абдураҳим Раҳимов — библиограф ва китобшинос, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдураҳим Ҳамроевич Раҳимов 5 январи соли 1952 дар деҳаи Қосимободи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби деҳот ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ) дохил мешавад ва онро бомуваффақият ба итмом расонида, ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ҳуҷҷат месупорад. Факултаи китобдории ин Донишкадаро хатм менамояд ва дар ҳамин даргоҳ аз омӯзгори қаторӣ то ба ҳайси проректори ин махзани дониш ифои вазифа мекунад. Солҳои 1978-1981 дар аспирантураи назди Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург таҳсил мекунад ва дар мавзӯи «Системаи ахбори библиографӣ оид ба илмҳои ҷомеашиносӣ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифо намуда, сазовори унвони илми педагогӣ мегардад. Боз ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода баргашта, ба кори таълиму тарбияи донишҷӯён мепардозад ва дар ҳамин даргоҳ ба унвонҳои дотсент ва профессор мушарраф мегардад. Баъдан ӯ соли 1997 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, ин муассисаи илмиро ташкил мекунад, ки имрӯз ин маркази илмӣ ба зинаҳои баланди худ расидааст ва ба муассисаҳои фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ иттилооти заруриро пешкаш намуда, тадқиқотҳои назаррасро пиёда менамояд ва натиҷаи онро дар нашрияҳои худ манзури муштоқон мегардонад.

Абдураҳим Раҳимов солҳои 1998-2001 мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Сипас ӯ ба ҳайси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (январ-сентябри соли 2001) эътироф карда мешавад, аммо ин дер давом намекунад ва аз тири нохалафе 8 сентябри соли 2001, ин дунёро падруд мегӯяд.

Библиограф ва китобшиноси варзидаи халқи худ Абдураҳим Раҳимов барои таҳқиқу рушди соҳа ва хусусиятҳои хоси миллии он, таҳқиқи осори қаламӣ ва чопии халқи тоҷик, илми соҳаи китобдории кишвар саҳми босазое гузоштааст.

  • Назаре ба фаъолияти шуъбаи ахбороти илмии Китобхонаи Ака¬демияи фанҳои Тоҷикистон //Китобхонашиносӣ ва библиографияи Тоҷикистон: Маҷмӯаи мақолаҳо.- Душанбе, 1977.- С.97-108.
    • Китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ – маркази ахбороти библиографӣ оид ба маданият ва санъати Тоҷикистон //Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ – 50 сола: Маҷмӯаи мақолаҳо.- Душанбе: Ирфон, 1983.- С.104-110.
  • Таҳкурсии ташаккули ахбороти библиографӣ //Проблемаҳои ташкилнамоӣ ва баландгардонии самаранокии хидмати китобхона¬вию библиографӣ ба аҳолии Тоҷикистон: Маҷмӯаи мақолаҳо.- Душанбе, 1986.- С.50-64.
  • Раҳимҷон Шарофов: Нишондиҳандаи шарҳиҳолию библиог¬ра¬фӣ /КДР ба номи Фирдавсӣ.- Душанбе, 1988.- 29 с.
    • Китоби қаламӣ ҳамчун объекти фаъолияти библиографӣ // Проблемаҳо ва пешомадҳои таъмини ахборотию библиографии иқтисодиёт ва маданияти Тоҷикистон: Маҷмӯаи мақолаҳо.- Душанбе, 1989.- С.71-84.
    • Андешаҳо перомуни китобу китобхона //Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Ҷашннома.- Душанбе, 1993.- С.32-40.
  • К вопросу о периодизации истории библиорафической информации в Таджикистане //Библиотеке имени Фирдоуси 50 лет: Сб. статей.- Душанбе: Ирфон, 1983.- С.116-127.
    • Проблемы библиографирования таджикско-персидской рукописной киниги: Состояние и пути оптимизации //Проблемы организации и повышения эффективности библиотечно-библиог. обслуживания населения Таджикистана: Сб. статей.- Душанбе, 1986.- С.5-35.
    • Состояние библиотечного дела в Таджикистане и пути его оптимизации //Проблемы и перспективы информационно-библиогра¬фического обеспечения экономики и культуры Таджикистана: Сб. статей.- Душанбе, 1989.- С.24-41.

Дар бораи Абдураҳим Ҳамроевич Раҳимов

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Родмарде дар фарози фарҳанг: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти шодравон А.Ҳ.Раҳимов /Мураттиб Қ. Авғонов; зери назари К. Олимов; Муҳаррир. Ш.К.Тошев. - Душанбе, 2001.- 96 с.
  • Тошев Ш. Раҳимов Абдураҳим Ҳамроевич //Коршиносони эҷодкори китобхонаи миллӣ: Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ /Мураттибон: Ҳ.Маҳмадҷонов, Ё.Сучонӣ; Муҳаррирон Ҷ. Раҷабов, А.Юнусов. - Душанбе: Эҷод, 2004.- С.52-54.