Jump to content

Абдусаттор Абдуҷаббор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусаттор Абдуҷаббор
Абдусаттор Абдуҷаббор
Таърихи таваллуд 24 декабр 1948(1948-12-24) (76 сол)
Зодгоҳ Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент, Вазирати таъминоти иҷтимоии ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ, Ҷоизаи байналхалқии ба номи Анри Дюнан (Женева, 1998)

Абдусаттор Абдуҷаббор — арбоби давлатӣ, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2001), профессор (2008), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (2011), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусаттор Абдуҷаббор (Ҷабборов) 24 декабри 1948 дар Панҷакент ба дунё омадааст, Хатмкардаи Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1976) ва Мактаби олии Ҳизбии коммунистӣ дар шаҳри Тошкент (1986). Сармуҳандиси идораи кишоварзӣ (1974 – 1975), мудири шуъбаи саноату нақлиёти Комитети Ҳизби коммунистӣ (1977 – 1981), раиси Комитети назорати халқӣ, муовин ва раиси Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент (1986 – 1990), даъвати 12 (1990 – 1995), раиси Комиссия оид ба масъалаҳои кори шӯроҳои вакилони халқ ва худидораи маҳаллии Шӯрои Олии ҶТ (1990 – 1992), аввалин Мушовири давлатии Президенти ҶТ (1992), Вазири Вазорати таъминоти иҷтимоии ҶТ (1992 – 1994), Вазири Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ (1994 – 2005). Аз соли 2005 раиси Фонди ғайридавлатии нафақаи «Оянда». Абдусаттор Абдуҷаббор бо фаъолияти педагогӣ ва илмӣ низ машғул аст: профессори кафедраи «Молия ва қарз»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (аз соли 2005), ҷонишини раиси Шӯрои диссертатсионии комиссияи аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ва узви Шӯрои диссертатсионии комиссияи аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (аз соли 2005).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва аз ҷорикунандагони илми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Муаллифи 18 рисола ва 115 мақолаи илмию оммавӣ оид ба масъалаҳои мухталифи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ. Иштирокдори симпозиуму семинарҳои байналхалқӣ дар Бостон, Брюссел, Вена, Манила, Полша, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Чехия, Словакия, Булғория ва як қатор давлатҳои узви ИДМ. Депутати Шӯрои Олии ҶТ (даъвати 12), вакили Маҷлиси намояндагони Шӯрои Олии ҶТ (даъвати 2).

Бо нишонҳои «Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ, Ҷоизаи байналхалқии ба номи Анри Дюнан (Женева, 1998) сарфароз гардидааст. Узви ИЖ Тоҷикистон аз соли 1996.

  • Ташаккул ва инкишофи ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, Д., 1996;
  • Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоии ҳифзи нафақахӯрон ва роҳҳои инкишофи шаклҳои хидматрасонӣ ба онҳо, Д., 1996; Ташаккул ва инкишофи ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, Д., 1999;
  • То ба хулқат ҷаҳон ороӣ, Д., 1999;
  • Предпосылки и экономические основы социальной защиты населения в условиях становления рыночных отношений, Д., 1999;[1]
  • Социальная защита населения, Д., 2003;
  • Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Д.,2009;
  • Микрофинансирование, Д., 2010;
  • Асосҳои маблағгузории хурд, Д., 2010.
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012- с. ?

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.