Jump to content

Абулвафои Бузҷонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абулвафо)
Абулвафои Бузҷонӣ
ابوالوفا محمد بن محمد بن یحیی بن اسماعیل بن العباس البوزجانی
Таърихи таваллуд 10 июн 940[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 июл 998[3][2] (58 сол)
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ риёзиёт, ахтаршиносӣ, мусалассот ва ҳисоб
Шогирдон Ибни Юнус
Маъруф ба тангенс, котангенс, теоремаи синусҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абулвафои Бузҷонӣ (ар. ابوالوفا البوزجانی‎, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Яҳё ибни Исмоил ибни Аббос; 10 июни 940, Бузҷон, Хуросон — 1 июли 998, Бағдод) — риёзидон, муҳандис ва ҳайатшиноси маъруфи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулвафои Бузҷонӣ яке аз шахсиятҳои машҳур дар илмҳои ҳандаса, ҳайат, риёзиёт маҳсуб ёфта, ба натиҷаҳое расидааст, ки пеш аз ӯ касе бар онҳо даст наёфта буд. Дар синни 19-солагӣ ба Бағдод меояд ва дере нагузашта дар соҳаи риёзиёт ва нуҷум машҳур мегардад. Абулвафои Бузҷонӣ дар корҳои илмӣ гоҳе бо муосирони худ, аз ҷумла бо Абурайҳони Берунӣ мукотибаи илмӣ доштааст. Берунӣ дар китоби «Таҳдид ниҳоят-ул-амокин» навиштааст, ки дар соли 997 ӯ дар Хоразм ва Бузҷонӣ дар Бағдод кусуфи Моҳро бо қарордоди қаблӣ бо ҳам мушоҳида карда, натиҷаи онро муқоиса намудаанд. Доир ба илмҳои алҷабру ҳандаса ва ҳайат асарҳои бисёре дорад. Ба асарҳои Уқлидус (Евклид), Дийуфантус (Диофант), Ибархус (Гиппарх) ва Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ шарҳ навиштааст.

Аз Абулвафои Бузҷонӣ 13 рисолаи риёзӣ, 3 рисолаи ҳайатшиносӣ, 2 рисолаи мусиқӣ ва 1 рисолаи табиӣ дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд, ки қисме аз онҳоро таърихшиносон К. Броккелман, Ф. Вёпке, Х. Зутер, А. П. Юшкевич, Г. П. Матвиевская, Б. А. Розенфелд, А. Қурбонӣ ва дигарон таҳқиқ кардаанд. Истилоҳи «қутри зилл» (secants) нахустин бор дар таърихи илм дар «Китоб-ал-Маҷастӣ»-и Абулвафои Бузҷонӣ таъриф шуда, дар шакли зайл ба кор рафтааст:

Рисолаҳои зерин аз намунаи осори ӯянд: «Ал-мадхал ал-ҳифзи ило синаъа ал-арисмотиқа» («Муқаддимаи шоиста дар санъати арифметика»), «Рисола фи-н-нисоб ва-т-таърифот» («Рисола дар бораи таносуб ва таърифот»), «Рисолаи қавси қузаҳ» («Рисола дар бораи рангинкамон») ва ғайра