Аввалин Бонки Молиявии Хурд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аввалин Бонки Молиявии Хурд
АБМХ
ҶСП «Аввалин Бонки Молиявии Хурд» дар Точикистон
Шакл Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида
Фаъолият Бонки умумӣ
Соли таъсис 2003
Макон  Тоҷикистон: Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 105
Афроди калидӣ Ентен Лама (раиси бонк)
Зокир Маҳмуд (раиси шӯрои директорон)
Сармояи аввалия 56 810 000 сомонӣ (ба 31.12.2016)[1]
Дороиҳо 452 230 0000 сомонӣ (ба 31.12.2016)[1]
Фоидаи холис 56 810 000 сомонӣ (ба 31.12.2016)[1]
Ҷамъияти нозир Агентии Оғохон оид ба маблағгузории хурд (АКАМ) - 37,7%
Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) - 35,3%
ҶСК «Бонки олмонии рушд (KfW)» - 17.8%
Вебгоҳ fmfb.com.tj

Аввалин Бонки Молиявии Хурд (ихтисора АБМХ) — яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон. Номи пурра — ҶСП «Аввалин Бонки Молиявии Хурд» дар Точикистон.

Таърих[вироиш]

Аввалин бонки молиявии хурд дар моҳи августи соли 2003 пас аз бақайдгирии расмӣ дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар моҳи сентябри худи ҳамон сол барои Бонк иҷозатномаи бонкдорӣ содир карда шуд. Амалиётҳои маблағгузории хурд дар таърихи 1 июли соли 2004 шурӯъ гардиданд, вале Бонк фаъолиятҳои тиҷоратии худро дар моҳи октябри 2004 тавсеа дод.

Бонк бо Шабакаи Оғохон оид ба рушд — гурӯҳи агентиҳои рушд, ки дар заминаҳои тандурустӣ, таълим, фарҳанг ва рушди иқтисодии минтақаҳои деҳот асосан дар Осиё ва Африқо фаъолият мекунад, вобаста мебошад. Дар воқеъ, Бонк дар ибтидо бо он мақсад ташкил карда шуд то амалиётҳои тамоми ташкилотҳои молиявии хурди қаблиро, ки аз тарафи агентиҳои дигари рушди Шабакаи Оғохон оид ба рушдро дар кишвар ба мисли Имконияти дастгирии соҳибкорӣ ва барномаи қарзии Барномаи Дастгирии Рушди Манотиқи Кӯҳистон (БДРМК) якҷоя намояд. Дар тобистони соли 2007 Бонк сандуқи қарзии боқимондаи БДРМКро дар Хатлон дарёфт карда, дар натиҷа фаъолиятҳои молиявии хурди минбаъдаи Шабакаи Оғохон оид ба рушдро дар зери як сақф ба ҳам овард.

Ҳамчун сармоягузории асосии Шабакаи Оғохон оид ба рушд дар рушди дарозмуддати Тоҷикистон Бонк робитаи кории қавиро бо агентиҳои Шабакаи Оғохон оид ба рушд ва ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ва ТҒД, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд барқарор менамояд то боварӣ ҳосил намояд, ки амалиётҳои он дар рушди умумии кишвар саҳмгузор мебошанд.

Дороиҳои бонк дар охири соли 2016 ба 452 230 0000 сомонӣ шумурда шудааст[1].

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Ҳисоботи солонаи 2016(тоҷ.). deloitte.com. АБМХ. 2 марти 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш]

  • fmfb.com.tj — сайти расмии Аввалин Бонки Молиявии Хурд