Jump to content

Александр Гречанинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Гречанинов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 13 (25) октябр 1864[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 январ 1956(1956-01-03)[2] (91 сол) ё 4 январ 1956(1956-01-04)[3] (91 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, омӯзгори мусиқӣ, пиёнунавоз
Соз фортепиано
Сабк Мусиқии симфонӣ, church music[d] ва опера
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гречанинов Александр Тихонович (13 [25] октябр 1864[1], Маскав[1]3 январ 1956[2] ё 4 январ 1956[3], Ню-Йорк, иёлати Ню-Йорк[4]) — оҳангсози рус.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Консерваторияи Маскав (1881-90) ва баъдан дар Консерваторияи Петербург (1890-93) дар назди Н. А. Римский-Корсаков таълим гирифтааст. Дар Петербург (1893-96), Маскав (1896—1925), Порис (1925-39) ва Ню-Йорк (аз соли 1939) зиндагӣ кардааст. Давомдиҳандаи мустақими суннатҳои гурӯҳи «Тӯдаҳои бузург». Нахустин операаш — «Добриния Никитич» (1903; Театри Калони Маскав) муваффақона буд. Операи «Ҳамшира Беатриса» (1910), 3 операи бачагона, 5 симфония, «Муноҷотномаи Иёҳани Златоуст» (1903), достони симфонии «Ба сӯйи ғалаба» (1943; бахшида ба Артиши Шӯравӣ) аз ҷумлаи осори машҳури Г. мебошанд. Ӯ инчунин беш аз 200 романс ва чандин сурудҳои бачагона таълиф кардааст.

  • Моя музыкальная жизнь, Париж, 1934.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Риман Г. Гречаниновъ (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. ЮргенсонМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 1. — С. 398.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Library of Congress Authorities (ингл.)Library of Congress.
  4. 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118863533 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  • Томпакова О. М. Певец русской темы А. Г. Гречанинов. М., 2002.