Jump to content

Максим Горкий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Алексей Максимович Горкий)
Максим Горкий
русӣ: Максим Горький
Наздикии солҳои 1900
Наздикии солҳои 1900
Ном ба ҳангоми таваллуд: Алексей Максимович Пешков
Тахаллусҳо: Максим Горький[5] ва Иегудиил Хламида
Таърихи таваллуд: 16 (28) март 1868[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 18 июн 1936(1936-06-18)[1][3][4][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, намоишноманавис, румоннавис, шоир, публисист, dramaturge, зиндагиноманавис, рӯзноманигор, ҳаррӯзноманавис, сиёсатмадор, ношир
Солҳои эҷод: 1892 — 1936
Самт: Романтизм/Реализм
Забони осор: русӣ[1][8][9]
Ҷоизаҳо: Ордени Ленин
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Ясная Поляна. Максим Горкий ва Лев Толстой. Соли 1900

Макси́м Го́ркий (тахаллус; ном ва насаби аслиаш Пешков Алексей Максимович[10][11]; 28 марти 1868, Нижний Новгород, Русияи Подшоҳӣ — 18 июни 1936, Маскав, ИҶШС) — нависандаи рус, яке аз асосгузорони адабиёти реализми сотсиалистӣ, сардафтари адабиёти шуравӣ. Маънои калимаи «Горкий» («горький) дар забони русӣ «талх» аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз падару модар дар синни 11-солагиаш маҳрум шуд. Дар манзили бобояш В. В. Каширин дар Нижний Новгород ба воя расид. Синфи 3-ро дар омӯзишгоҳи маҳаллии Кунавинскийи Нижний Новгород хатм карда, ба худомӯзӣ машғул шудааст. Соли 1878 барои таъмини зиндагӣ ба «миёни мардум» ба шаҳрҳои назди баҳри Каспий (Хазар), саҳрои Моздок, Поволжйе, Дон, Украина, Қрим, Қафқоз ва ғайра рафта, бо зиндагии мардум шинос шуд. Соли 1889 Горкий барои фаъолияти махфиёнаи зидди ҳукумат боздошт гардид, сипас дар Нижний Новгород зери назорати полис зиндагӣ мекард. Бо В. Г. Короленко шинос шуда, навиштаҳои худро ба ӯ пешниҳод намуд.

Соли 1892 дар газетаи «Кавказ»-и Тифлис ҳикояаш «Макар Чудра» нашр шуд (тарҷумаи тоҷикӣ 1944). Аз соли 1895 дар рӯзномаи «Самарская газета» мудири шуъбаи «Очерку ангораҳо», бо исми мустаори Иегудил Хламида фелетонҳо чоп мекард. Пас аз нашри ҳикояи «Челкаш» (1895) ва маҷмӯаи дуҷилдаи «Очерку ҳикояҳо» (1898) Горкийро хонандагони рус бештар шинохтанд ва чун нависандаи воқеанигор машҳур гардид. Дар охири садаи XIX Горкий, ки чун «баёнгари боистеъдоди афкори оммаи эътирозкунанда» шуҳрат ёфт, асарҳои дар равияи романтизм эҷодшудаи «Кампир Изергил», (1895, тарҷумаи тоҷикӣ 1935), «Таронаи Лочин» (1895, тарҷумаи тоҷикӣ 1932), «Таронаи мурғи тӯфон» (1901, тарҷумаи тоҷикӣ 1938)-ро ба нашр расонд. Яке аз мавзӯъҳои муҳимми ин асарҳо мубориза бар зидди истисмор ва даъват ба озодӣ мебошад. Горкий дар охири солҳои 90 садаи XIX ба ҳамкорӣ бо интишороти «Знание» шурӯъ кард ва фаъолона вориди ҳаёти адабии Русия шуд. Вай бо адибони машҳур Л. Н. Толстой ва А. П. Чехов шинос шуд ва онҳо ба истеъдоди нависандагии ӯ баҳои баланд доданд. Усули реализми сотсиалистӣ дар асарҳои Горкий аз оғози садаи XX арзи вуҷуд намуд. Дар романҳои «Фома Гордеев» (1899, тарҷумаи тоҷикӣ 1948), «Се нафар» (1900) роҳи рушди капитализм дар Русияи подшоҳӣ инъикос ёфтааст. Соли 1902 бори нахуст ба навиштани драма иқдом кард: пйесаҳои «Мешанҳо» (1901, тарҷумаи тоҷикӣ 1956), «Дар қаър» (1902, тарҷумаи тоҷикӣ 1956), «Ваҳшиҳо» (1905), дар Театри бадеии Маскав; «Дачанишинҳо» (1904, тарҷумаи тоҷикӣ 1956) ва «Фарзандони офтоб» дар театри В. Ф. Комиссаржевскийи Санкт-Петербург; «Варварҳо» (1906) дар саҳнаҳои маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки ба нақши зиёиён, муносибати онҳо бо мардуму инқилоб бахшида шуданд. Дар ин пйесаҳо зиёиёни пешқадами рус ва муборизаи онҳо баҳри озодӣ ба муқобили табақаҳои сармоядор тасвир ёфтаанд. Солҳои 1902–1904 бо болшевикон наздик шуд, барои онҳо, аз ҷумла, барои нашри газетаҳои «Искра» ва «Вперёд», кумакҳои молӣ расонд. 9 январи соли 1905 дар намоиши коргарон ширкат карда, шоҳиди тирборони онҳо шуд. Дар баёнияи «Ба тамоми шаҳрвандони Русия ва афкори ҷамъиятии кишварҳои аврупоӣ» ҳукумат ва императори русро дар куштори бисёре аз шаҳрвандон муттаҳам кард, боздошт ва дар қалъаи Петропавловск зиндонӣ шуд, вале пас аз эътирозҳои оммаи мардум озод гардид. Соли 1905 чун намояндаи фаъолони илму фарҳанг бо раиси Шӯрои давлатии Русия, С. Ю. Витте вохӯрда, барои пешгирии хунрезиҳо дар намоишҳои эътирозии мардум кӯшиш намуд. Горкий дар ҷунбишҳои инқилобии соли 1905 бевосита иштирок намуд ва ба сафи Ҳизби болшевикӣ дохил шуд. Дар газетаи болшевикии «Новая жизнь» «Ёддоштҳо дар бораи мешангароӣ»-ро нашр карда, Л. Н. Толстой ва Ф. М. Достоевскийро чун пайрави мешанҳо танқид кард.

Муҳоҷират ва сафарҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Феврали 1906 ҳамроҳ бо М. Ф. Андреева ба Амрико муҳоҷират карда, барои ҳаракати озодихоҳони рус маблағ ҷамъ овард ва даъват кард, ки ИМА аз додани қарз ба Русия худдорӣ кунад (баёнияи «Ба ҳукумати Русия маблағ надиҳед»). Ҳамон сол дар Амрико силсилаи памфлетҳои ҳаҷвии «Мусоҳибаҳои ман» ва очеркҳои «Дар Амрико», пйесаи «Душманҳо»-ро навишт, таълифи повести «Модар»-ро шурӯъ кард, ки он ҳамчун падидае дар адабиёти нави пролетарӣ пазируфта шуда, ба чандин забонҳо тарҷума гардид. Солҳои 1906–13 гарчи дар ҷазираи Капри (Итолиё) зиндагӣ мекард, бо Русия ва арбоби фарҳанг робитаи зич дошт. Дар Анҷумани 5-уми Ҳизби коргарии Русия дар Берлин ширкат карда, дар Капри барои коргарони рус мактаби ҳизбӣ таъсис намуд. Асарҳои «Омурзиш» (1908), «Зиндагии Матвей Кожемякин» (1911), «Афсонаҳо дар бораи Итолиё» (1913), ҳикояҳо (соли 1923 дар силсилаи «Дар роҳҳои Русия» нашр шуданд), пйесаҳо («Васса Железнова», 1910; «Зиковҳо», 1914), повестҳои шарҳиҳолии «Бачагӣ» (1914) ва «Дар миёни мардум» (1916) ва ғайраро навишт.

Пас аз бозгашт ба Русия (охири 1913), Горкий интишороти «Парус» ва моҳномаи адабию сиёсии «Летопись» ҳамроҳ бо И. П. Ладижников ва А. Н. Тихонов ва рӯзномаи «Новая жизнь» (апрели 1917 – июли 1918)-ро таъсис дода, силсилаи ҳаҷвии «Афсонаҳои русӣ», афсонаҳо, очеркҳо ва беш аз 80 мақола мунташир намуд, ки дар онҳо аз зарурати даст кашидан аз муборизаи сиёсӣ, ҳифз кардани неруи фарҳангию фикрии кишвар, тарбияи ахлоқию маърифатии оммаи васеи мардум даъват мекард, алайҳи худсарию беҳокимиятӣ, бераҳмӣ, даҳшатафконӣ ва шӯриши мусаллаҳонаи болшевикон дар октябри 1917 баромад (чопи рӯзнома бо дастури Ленин ду бор боздошта шуд). Мақолаҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Инқилоб ва фарҳанг. Мақолаҳои соли 1917» (1918) ва «Афкори нобаҳангом. Қайдҳо пиромуни «Инқилоб ва фарҳанг» (1918) ҷамъ омадаанд. Дар таъсиси нахустин донишгоҳи коргарию деҳконӣ, Театри Калони драмаи Петроград, интишороти «Всемирная литература» («Адабиёти ҷаҳонӣ») ва ғ. ширкат дошт, дар боби ҳифзи арзишҳои низомию таърихӣ ғамхорӣ зоҳир менамуд.

Солҳои 1921–1924 дар Олмон ва Чехословакия, баъдан дар Итолиё (Сорренто) зиндагӣ кард. Бахши 3-юми асари тарҷумаиҳолиаш «Университетҳои ман» (1923), романи «Кори Артамоновҳо» (1925), силсилаи очеркҳои ёддоштӣ дар бораи А. П. Чехов, В. Горкий Короленко, Н. Горкий Гарин-Михайловский, И. И. Сквортсов, В. И. Ленин, Л. Б. Красин ва дигаронро навишт, аз соли 1925 рӯйи яке аз ҷомеътарин осори хеш – роман-эпопеяи «Зиндагии Клим Самгин», ки бозтоби таърихи ҷомеаи рус аз солҳои 1870 то 1917 буд, кор кард.

Солҳои 1928–1929 ба ҷумҳуриҳои ИҶШС сафар кард (очеркҳои «Дар Иттиҳоди Шӯроҳо» 1929). Соли 1931 аз сафар бозгашт. Ба таъсиси моҳномаҳои «Литературная учеба», «За рубежом», силсилаи китобҳои «Жизнь замечательных людей» («Зиндагиномаи шахсиятҳои маъруф»), «Библиотека поэта» («Китобхонаи шоир»), «История гражданской войны» («Таърихи ҷанги шаҳрвандӣ») ташкили нахустин Анҷумани адибони ИҶШС (1934) ибтикор намуд. Горкий дар солҳои охири зиндагияш пйесаҳои «Егор Буличев ва дигарон» (1932), «Достигаев ва дигарон» (1932), «Васса Железнова» (1936, таҳрири дуввум)-ро навишт. Дар ин солҳо Горкий бо чандин дархостнома ба И. В. Сталин муроҷиат карда, саъй намуд, ки ходимони фарҳангии ҳабсшударо ҳимоят кунад.

Андешаҳои фалсафию сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Горкий ҳамчун мунаққиди адабӣ, публитсист ва олиму пажӯҳишгар дар рушди фарҳанги шӯравӣ саҳми арзанда дошт. Дар нигоришоти Горкий масъалаҳои умдаи фалсафӣ, сиёсӣ, таърихию адабӣ баррасӣ шудаанд. Вай баробари рушди усулҳои романтизму реализм, ҳамчунин ба эҷодиёти классикони адабиёти рус баҳои баланд додааст. Андешаҳои Горкий оид ба мавқеи фолклор, халқияти адабиёти пешқадами рус, усул ва шеваҳои реализми сотсиалистӣ, тозагӣ ва содагии забони асарҳои адибони шӯравӣ ва тарбияи инсони нав, ҳамчун бунёдкори ҷомеаи сотсиалистӣ, аҳаммияти бузурги эстетикию илмӣ доранд. Эҷодиёти ӯ ба адибони қаламрави шӯравии собиқ ва як қатор нависандагони ҷаҳон таъсиргузор будааст.

Горкий ва адабиёти форс-тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Горкий ба таърихи куҳану фарҳанги ғании мардумони Шарқ, адабиёти форс-тоҷик ва намояндагони он Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз муҳаббату ихлоси бузург дошт. Вай бо адабиёт ва эҷодиёти шоирони Шарқ аз солҳои 90 садаи XIX ошноӣ пайдо кард. Шиносоӣ ва омӯзиши ӯ аз фарҳангу адабиёти Шарқ тавассути осори таърихию адабии донишмандону адибони Ғарб, мутолааи намунаҳои адабиёти классикии форс-тоҷик, ки ба забони русӣ тарҷума шуда буданд ва мулоқоту шиносоиҳо бо намояндагони фарҳангу адабиёти Шарқ ба амал омада буд.

Мутолаа ва омӯзиши осори адабиёти классикии форс-тоҷик ба Горкий дар офариниши чандин асарҳояш илҳом бахшидааст. Ба таври намуна ҳикояи «Ширинкор» (1916), силсилаи афсонаҳои ӯ дар бораи Итолиё, ҳикояи «Кампир Изергил» (1895), «Хон ва писараш», «Афсонаҳои Самарқанд» (1911–13)-ро метавон мисол овард, ки дар онҳо фазои ғоявии адабиёти Шарқ ба назар мерасад. Дар ин асарҳо рӯҳи романтикӣ, фолклор ва мазмуну мавзӯъҳои адабиёти шарқӣ бозтоб шудаанд. Горкий дар «Афсонаҳои Самарқанд» аз зиндагию ҳунар ва урфу одату хулқу атвори тоҷикон сухан рондааст. Афсонаҳои «Модар», «Темур ва гадо», «Гуфтугӯи Темур бо Худо» ва «Муқаннаъ» (1911–13) нишондиҳандаи онанд, ки Горкий аз таъриху фарҳанги мардуми Осиёи Миёна, бавижа, тоҷикон огоҳӣ доштааст. Горкий баҳри дастрасии ин асарҳо ба оммаи васеи мардум, махсусан ба хонандагони русзабон, саҳми бузург гузошт. Чунончи бо ибтикор Горкий интишороти «Адабиёти умумиҷаҳонӣ» (1918) ва «Академия» (1934–35) тарҷума ва чопи намунаҳо аз адабиёти классикии форс-тоҷикро ба нақша гирифта, чандин асар мунташир намуданд.

Горкий барои рушду нумӯи адабиёти шӯравии тоҷик низ хидматҳо кардааст. Ӯ аз нақшаҳои эҷодии Айниву Лоҳутӣ воқиф буд. Бавижа, ба назми Лоҳутӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Горкий ният дошт, ки ба китоби ашъори мунтахаби Лоҳутӣ (ба забони русӣ) пешгуфтор нависад, аммо марги бемаҳал имкон надод, ки ин нияти наҷиб амалӣ гардад. Дар номааш ба редаксияи г. «Коммунист Таджикистана» аз Лоҳутӣ ёдовар шудааст.

Лоҳутӣ достони «Тоҷ ва байрақ»-ро (1935) бо талқину машварати бевоситаи Горкий навиштааст. Лоҳутӣ сипосу эҳтироми хешро ба Горкий тавассути шеъри «Ба Максим Горкий» (1930) ва достони машҳури «Се қатра» (1932) иброз доштааст.

Нависандагони тоҷик усул ва шеваҳои эҷодии реализми сотсиалистиро маҳз аз осори Горкий омӯхтаанд. Таъсири Горкий, бавижа, дар эҷодиёти Айнӣ эҳсосшаванда аст. Айнӣ дар мақолаҳои «Зиндаи абадӣ» (1936), «Омӯзиши ман аз Максим Горкий» (1937), «Симои фаромӯшношуданӣ» (1946), «Падари тарбиятгари адабиёти советӣ» (1951) доир ба таъсири бевоситаи эҷодиёти Горкий дар муҳтавою сабки нигориши ӯ, маслиҳатҳои муфиди Горкий баҳри пешрафти адабиёти шӯравӣ, ғамхориҳову дастгириҳои холисонааш дар худшиносию пойдории адабиётҳои қавму миллатҳои гуногун ва хидматҳои дигари ин адиб сухан рондааст. Айнӣ Горкийро ҳамчун шахсияти бузурги адабӣ қаламдод карда, устоди ҳамаи адибони шӯравӣ мешуморад. Айнӣ дар бораи таҳти таъсири осори Горкий навишта шудани «Ёддоштҳо»-ро таъкид кардааст (Айнӣ С. Куллиёт. Ҷ. 11, Д., 1963, саҳ. 250).

Айнию Лоҳутӣ аз Горкий меомӯхтанд ва адибони ҷавони тоҷикро низ ба ин ташвиқ мекарданд. Дар хотираҳову мақолаҳои хеш М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, С. Улуғзода, М. Миршакар, Ғ. Абдулло, Р. Ҳошим ва дигарон ин нуктаро таъйид кардаанд ва таваҷҷуҳашон ба Горкий зоҳир гардидааст.

Тарҷумаи осори Горкий ба забони тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Муҷассамаи Айнӣ ва Горкий дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Тарҷумаи осори Горкий дар Тоҷикистон аз солҳои 1920 оғоз ёфтааст. Бюрои КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 21 октябри 1933 дар бораи тарҷумаву нашри осори Горкий ба забони тоҷикӣ қарор қабул намуд. Ин масъулият бар дӯши Лоҳутӣ гузошта шуд. Асарҳои «Бачагӣ», «Университетҳои ман», «Дар байни мардум», «Модар», «Фома Гордеев» ва ҳикояву мақолаҳои бисёри Горкий ба забони тоҷикӣ ба табъ расиданд. Адибони тоҷик Ҳ. Карим, Р. Ҷалил, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҳошим, Ҳ. Ирфон, Э. Муллоқандов ва дигарон тарҷумонҳои мумтози асарҳои Горкий буданд. Осори ба тоҷикӣ баргардонидашудаи Горкий куллан дар маҷмӯаи 5-ҷилдаи «Асарҳои мунтахаб» (1968 – 78) гирдоварӣ шудааст.

Дар пажӯҳишҳои адабиётшиносони тоҷик М. Шукуров (Шакурӣ), А. Сайфуллоев, С. Табаров, Л. Демидчик ва дигарон паҳлуҳои гуногуни мавзӯъи «Горкий ва адабиёти тоҷик» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Горкий дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав дафн шудааст. Зодгоҳаш шаҳри Нижний Новгород солҳои 1936–92 номи ӯро дошт. Театри бадеии академии Маскав, Театри Калони драмаи Санкт-Петербург, Пажуҳишгоҳи адабиёти ҷаҳонии АИ Русия, Донишкадаи адабиёти Иттифоқи нависандагон ва муассисаҳои дигар номи Горкийро доранд.

  • Асарҳои мунтахаб. Ҷ.-ҳои 1–5. Д., 1968–78;
  • Собрание сочинений Т. 1–30. М. 1949–55;
  • Полное собрание сочинений. Художественные произведения в 20-ти томах. М., 1968–76.
  1. 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  3. 3.0 3.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  4. Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa360605/maximo-gorki (порт.)São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
  5. 5.0 5.1 Венгеров С. Пешков, Алексей Максимович (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1907. — Т. доп. IIа. — С. 497—502.
  6. Archivio Storico Ricordi — 1808.
  7. Gorki, Maxim (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 12. — P. 259.
  8. Чешская национальная авторитетная база данных
  9. CONOR.Sl
  10. Сам Горький считал, что его настоящая фамилия Пешков должна произноситься с ударением на О.

    Тогда я счёл возможным пояснить ему:
    — Я не Каширин, а — Пешко́в…
    — Пе́шков? — неверно повторил он. — Хорошее дело.

    — Максим Горький. Из автобиографической повести «Детство»

  11. «Фамилия Пешков не имеет отношения к словам пеший или пешка, в её основе лежит разговорный вариант Пешко (от Пётр). Эту фамилию нередко произносят с ударением на первом слоге, хотя правильнее произносить Пешко́в, на этом настаивал и А. М. Горький» (Ганжина И. М. Словарь современных русских фамилий. — М.: Астрель: ACT, 2001. — С. 367. — 672 с. — ISBN 5-237-04101-9.)
  • Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳои»-и устод С. Айнӣ. Д., 1966;
  • М. Горький. Материалы и исследования. Т. 1–4. М. – Л., 1934–51;
  • Писканов Н. К. Горький и национальные литературы. М., 1946;
  • Михайловский Б, Тагер К. Творчество М. Горького. М., 1981;
  • Овчаренко А. И. Горький и литературные искания ХХ столетия. М., 1982;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.   
  • Горкий Максим / З. Раҳмонов, Ш. Солеҳов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.