Jump to content

Аменорея

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аменорея
ИхтисосПизишкии занон Edit this on Wikidata
Аменорея
МКБ-10 N91.091.0-N91.291.2
МКБ-9 626.0626.0
DiseasesDB 14843
MedlinePlus 001218 ва 001219
eMedicine article/953850 
MeSH D000568

Аменоре́я (аз а…, юн. men – моҳ ва rheo – мешорам), беҳайзӣ, ҳайз надидан — ҳолатест, ки зан дар муддати 6 моҳ ё аз ин ҳам бештар ҳайз намебинад.

Агар духтар баъди ба балоғат расидан ё зан тамоман ҳайз надида бошад, аменореяи якумин ва агар боре ҳайз дида, минбаъд тамоман ҳайз набинад, аменореяи дуюмин меноманд. Дар ҳаёти зан якчанд давраҳои ҳайз надидан (то балоғат, ҳомилагӣ, бачамаконӣ, менопауза) вуҷуд дорад. Ин давраҳо чун ҳолати физиологии организм давом карда, баъд қатъ мегарданд (аменореяи физиологӣ). Аменореяи патологӣ дар натиҷаи нуқсони модарзодии тухмдон, бачадон ва маҳбал, хеле суст инкишоф ёфтани узвҳои номбурда, инчунин осеб дидани ҷанин аз доруе, ки зан дар давраи ҳомилагӣ (дар аввали ва то охири моҳи сеюми бордорӣ – дар давраи муҳими тағйири ҷанин) истеъмол мекунад, пайдо мешавад. Табобати аменореяе, ки аз ин сабабҳо рӯй додааст, имконнопазир аст. Аменорея дар натиҷаи бемориҳои ғадудҳои эндокринӣ, хусусан ғадудҳои сипаршакл, болои гурда ва гипофиз, бемории сил, камвитаминӣ, исқоти пай дар пай низ ба вуҷуд меояд.

Сабабҳои аменореяро ҳамчунин метавон ба ҷузъӣ ва умумӣ ҷудо кард.

Ба сабабҳои ҷузъии аменорея мансубанд:

  • вуҷуд надоштани маҳбал ва бачадон;
  • омоси тухмдонҳо;
  • тағйироти бебозгашти луобпардаи бачадон;
  • кастратсияи шуоӣ ё ҷарроҳӣ.

Вале бисёр вақт сабаби аменорея бемориҳои вазнини сироятӣ (домана, ҳасба, вабо, пневмония, уфунат ва ғайра), сили шуш, амрози гурда, тухмдонҳо, ҷигар, силсилаи дилу рагҳо, ғадудҳои усораи дохилӣ, амрози рӯҳӣ (шизофрения, психастения, саръ), заҳролудӣ (аз сурб, фосфор) ва ғайра маҳсуб мешаванд.

Муолиҷаи аменорея ба рафъи бемории асосӣ вобаста аст (камхунӣ, беиштиҳоӣ, диабет, бемориҳои ғадуди сипаршакл, гипофиз ва ғайра). Хусусан тадбирҳое, ки барои бо хун беҳтар таъмин гаштани узвҳои коси хурд имконият медиҳанд, натиҷаи дилхоҳ ба бор меоварад. Давоҳои гормонӣ, физиотерапия ва истеъмоли витаминҳо низ муҳим аст.