Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иморат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аморат)

Имора́т (аз ар. أمیر — амрдиҳанда, фармондиҳанда, ҳукмраво), Аморат — мулк ё давлат дар мамолики исломии Осиё ва Африка, ичунин мавзеъҳои мусулмоннишини таърихии Аврупо, мас., Иморати Кордова (756—929) ва Иморати Гранада (1228—1492) дар Испания, Иморати Барӣ (847—871) ва Иморати Ситсилия (965—1072) дар Италия, Иморати Тифлис (736—1122), ки амир (ҳокими мутлақи маврусӣ) идора мекард. Сараввал Иморатҳо дар хилофати Араб ба вуҷуд омаданд ва ҳокимонашонро халифа таъйин мекард. Бино ба таълимоти динӣ, ҳокимияти динӣ — Имомат ва ҳокимияти сиёсӣ — Иморат ягона буда, ҷудоӣ надоранд. Яъне халифаҳо — «амир-ал-муъминин» (ниг. Амиралмуъминин) ҳокими ҳамаи мусулмонон мебошанд; 2)Иморат — воҳиди тақсимоти маъмурӣ (вилоят) дар сохтори давлатҳои исломӣ (мас., Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ).

Иморатҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

(нопурра)

Кишвар Пойтахт Солҳои мавҷудият эзоҳ
Иморати АлбаниёДвин,Барда637885Тобеи Хилофати Араб
Иморати ДарбандДарбанд7351239Тобеи Хилофати Араб, ба Иморати Арманистон (ал-Арминийа) то соли 885 тобеъ буд
Иморати ТифлисТифлис7361122Тобеи Хилофати Араб, ба Иморати Арманистон (ал-Арминийа) то соли 885 тобеъ буд
Иморати КурдобаКурдоба756929Тобеи Хилофати Араб, дертар ҳамчун Хилофати Курдоба
Иморати КритИраклион825961Тобеи Хилофати Араб
Иморати БариБари847871Тобеи Хилофати Араб
Иморати СитсилияПалермо9651072
Иморати ГранадаГранада12281492
Иморати АйдынСмирна13081425
Иморати Бухоро (хонигарӣ)Бухоро17851920Аз соли 1868 тобеи Империяи Русия.
Иморати АфғонистонКобул18231929То соли 1919, сипас подшоҳӣ.
Иморати Наҷд19021921Сипас султония.
Иморати Кавкази ШимолӣВедено19191920Тобеи Имперотурии Усмонӣ.
Иморати УрдунУммон19211946Зери тобеъияти Бритониё.
Иморати Исломии АфғонистонКобул19962001Кишвари қисман эътирофшуда.
БаҳрайнМанама19712002Аз соли 2002 подшоҳӣ.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]