Иморат
Имора́т (аз ар. أمیر — амрдиҳанда, фармондиҳанда, ҳукмраво), Аморат — мулк ё давлат дар мамолики исломии Осиё ва Африка, ичунин мавзеъҳои мусулмоннишини таърихии Аврупо, мас., Иморати Кордова (756—929) ва Иморати Гранада (1228—1492) дар Испания, Иморати Барӣ (847—871) ва Иморати Ситсилия (965—1072) дар Италия, Иморати Тифлис (736—1122), ки амир (ҳокими мутлақи маврусӣ) идора мекард. Сараввал Иморатҳо дар хилофати Араб ба вуҷуд омаданд ва ҳокимонашонро халифа таъйин мекард. Бино ба таълимоти динӣ, ҳокимияти динӣ — Имомат ва ҳокимияти сиёсӣ — Иморат ягона буда, ҷудоӣ надоранд. Яъне халифаҳо — «амир-ал-муъминин» (ниг. Амиралмуъминин) ҳокими ҳамаи мусулмонон мебошанд; 2)Иморат — воҳиди тақсимоти маъмурӣ (вилоят) дар сохтори давлатҳои исломӣ (мас., Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ).
Иморатҳои таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ](нопурра)
| Кишвар | Пойтахт | Солҳои мавҷудият | эзоҳ |
|---|---|---|---|
| Иморати Асир | Сабо | 1906—1934 | |
| Иморати Афғонистон | Кобул | 1823—1926 | |
| Иморати Арминиё | Двин | 654—884 | Тобеи Хилофати Араб буд |
| Иморати Тифлис | Тифлис | 736—1122 | Тобеи Хилофати Араб, ба Иморати Арминиё (ал-Арминиё) то соли 885 тобеъ буд |
| Иморати Курдоба | Курдоба | 756—929 | Тобеи Хилофати Араб, дертар ҳамчун Хилофати Курдоба |
| Иморати Крит | Ираклион | 825—961 | Тобеи Хилофати Араб |
| Иморати Бари | Бари | 847—871 | Тобеи Хилофати Араб |
| Иморати Ситсилия | Палермо | 965—1072 | |
| Иморати Ғарнота | Ғарнота | 1228—1492 | охирин пойгоҳи сиёсии мусулмонон дар Испониё |
| Иморати Айдын | Смирна | 1308—1425 | |
| Иморати Бухоро (хонигарӣ) | Бухоро | 1785—1920 | Аз соли 1868 тобеи Империяи Русия. |
| Иморати Наҷд ва Ҳаса | Риёз | 1902—1921 | давлати сеюми Саудӣ. |
| Иморати Наҷд | 1818—1891 | давлати дуюми Саудӣ. | |
| Иморати Кавкази Шимолӣ | Ведено | 1919—1920 | Тобеи Имперотурии Усмонӣ. |
| Иморати Урдун | Уммон | 1921—1946 | Зери тобеъияти Бритониё. |
| Иморати Исломии Афғонистон | Кобул | 1996—2001 | Кишвари қисман эътирофшуда. |
| Иморати Ҷебел Шаммар | Ҳайл | 1836 — 1921 |
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аморат // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2026, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.