Jump to content

Аппон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Аппон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ашт
Ҷамоат Деҳоти Ошоба
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5162 тан (2009)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3453

Аппон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт. Аз Аппон то маркази ноҳия — шаҳраки Шайдон 29 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 5162 нафар (2009), асосан тоҷикон ва узбакҳо.

Деҳа 2 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 дорухона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 3 китобхона, клуб, толори кинонамоишдиҳӣ, нуқтаҳои хизмати маишӣ, 2 маркази савдо, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, ошхона ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи пойгоҳи обкаши «Чумчуқҷар» аз рӯди Сир обёрӣ мешаванд.