Jump to content

Асадулло Саъдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асадулло Саъдуллоев
Таърихи таваллуд 22 сентябр 1940(1940-09-22)
Зодгоҳ ноҳияи Ваҳдат
Таърихи даргузашт 4 феврал 2016(2016-02-04) (75 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Маъруф ба
Ҷоизаҳо

“Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (1984), ҷоизаи Иттиҳоди журналистон ба номи А.Лоҳутӣ (1998), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2004),

Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон (2010), Корманди шоиста (2015)

Асадулло Саъдуллоев (22 сентябри 1940, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — 4 феврали 2016, Душанбе, Тоҷикистон) — омӯзгор ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (1996), профессор (1998). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1984). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1969), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2004), Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил ва онро соли 1962 хатм мекунад. Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳое чун «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардааст. Минбаъд, ба муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти ИҶШС (1980—1984) ва омӯзгори Донишгоҳи Кобул (1984—1987) кор кардааст. Давоми солҳои 1992—2000 ва 2007—2009 ба кафедраи телерадиожурналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳбарӣ карда, тӯли солҳои 2002—2005 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 профессори кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. Ӯ 4 феврали 2016 дунёро падруд намудааст.[1]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асадулло Саъдуллоев соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториашро ҳимоя намуд. Муаллифи 31 монография, 160 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои назария ва амалияи журналистикаи ҷумҳурӣ. Иштирокчии якчанд конфронсҳои илмии байналмилалӣ.

  • Качество литературы. — Душанбе, 2000;
  • Памяти друзей. — Душанбе, 2001;
  • Свет жизни. — Душанбе, 2006;
  • Спасающий крик. — Душанбе, 2007;
  • Техника и технология СМИ. — Душанбе, 2007;
  • Горизонты публицистики. — Душанбе, 2009;
  • Эссе. Размышления о некоторых аспектах жанра. — Душанбе, 2010 ва диг.[2]
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (1984);
  • Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ (1998);
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2004);
  • Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон (2010);
  • Корманди шоиста (2015).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]