Аҳмадшоҳ Улфатшоев
| |
Таърихи таваллуд: | 30 сентябр 1945 |
Зодгоҳ: | деҳаи Кеврон, ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 9 октябр 2020 (75 сол) |
Маҳалли марг: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1961—2020 |
Самт: | театр, синамо |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 1119905 |
Аҳмадшоҳ Улфатшоев (30 сентябри 1945, деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон — 9 октябри 2020[1], Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмадшо Улфатшоев 30 сентябри соли 1945 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омадаст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1954) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турс (1980).
Фаъолияти ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1964—1967) ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидеобод (1961—1971) заҳматунзода кашидааст. Аз соли 1975 то охири умр дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кардааст.
Нақшҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар саҳна бо маҳорати хосси ҳунарпешагӣ нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Егей («Медея»-и Софокл) ва ғайраро офаридааст.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмадшоҳ Улфатшоев ҳунарпешаи кино ҳам мебошад (нақши Остонақул дар филми «Восеъ», Кумир дар филми «Кумир»-и Е. Аролев ва ғайра).
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмадшо Улфатшоев баъди зуҳри рӯзи 9 октябри соли 2020 дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе дар синни 75 солагӣ даргузашт[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Даргузашти Улфатшоев, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамо-аксҳо(тоҷ.). Sputnik Tajik. 13 октябри 2020 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 620. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 30 сентябр
- Зодагони соли 1945
- Зодагони ноҳияи Дарвоз
- Даргузаштагони 9 октябр
- Даргузаштагони соли 2020
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон