Байромия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Байромия, байрамия (тур. Bayramilik) аз байрам – ид) — тариқае аз дарвешони турк, ки Ҳоҷӣ Байрами Валӣ (даргузашт 1430) дар Анқара таъсис намуда буд.

Таълимот[вироиш | вироиши манбаъ]

Таълимоташ ба нақшбандия бисёр наздик аст, зеро пайравони он зикри хуфяро пазируфтаанд ва аз ин рӯ, баъзе муҳаққиқон байромияро шохае аз нақшбандия медонанд. Ин тариқат пас аз марги Ҳоҷӣ Байрам зуд пароканда шуд. Бархе аз пайравонаш ба халифаи ӯ Оқ Шамсуддин Муҳаммад (1390–1459) пайвастанд ва бо номи Шамсия машҳур шуданд. Дар таълимоти онҳо зикри ҷаҳрӣ бештар маъмул буд.

Гурӯҳи дигари Байромиён, ки зикр, вирд ва либосҳои анъанавии худро тарк карда буданд, маломия номида шуданд. Онҳо ба шайхони байромия эҳтироми зиёд доштанд ва ҳатто яке аз шайхони онро қутби замон эълон намуда буданд. Шохаи сеюме, ки аз байромия ба вуҷуд омад, ҷилватия ном дошт ва муассисаш Азиз Маҳмуди Худоӣ (даргузашт 1628) мебошад. Ба тавассути Иброҳим ибни Темурхон ибни Ҳамза (даргузашт 1617) дар Миср интишор ёфт.

Дар таълимоти байромия тарзи сайри соликони тариқат аз дигар силсилаҳои тасаввуф фарқ мекард. Солик аввал бо таълимоти ваҳдати вуҷуд шинос мешуд ва минбаъд мақомот ва аҳволи маърифатии тасаввуфиро анҷом медод. Байромиён муътақид буданд, ки тамоми олам аз Худо ба тавассути илму сифатҳои он содир шудаанд, сифатҳо зуҳури моҳияти илмии Худованданд. Ҳамин «аъёни илмия»-и Худованд аз тавҳиди зотии таълимоти онҳо башорат медиҳад. Нишони зоҳирии пайравони байромия нишони шашбарг аз карбосе буд, ки огоҳии онҳоро аз шаш ҷиҳати дунё (рост, чап, пеш, қафо, боло ва поин) башорат медиҳад. То пароканда шудани тариқату шохаҳои байромия дар Туркия (соли 1925) пайравони он дар Истанбулу Анқара, Измир ва диг. шаҳрҳои марказӣ фаъолияти худро идома медоданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مادلونگ. و. فرقه های اسلامی. تهران، ۱۳۷۷

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]