Jump to content

Барги ғор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барги ғор
Табақабандии илмӣ
ХАТО: параметри latin пур нашудааст.
Номи байнулмилалии илмӣ
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО
Параметри latin пур нашудааст

Ғор, Барги ғор (форсӣ: غار) рустании ҳамешасабзест, ки барги онро барои хуштаъму хушбӯй кардани таом истифода мекунанд: барги ғор.[1]

  • Барги ғор – ин барги хушконидашудаи дарахт ё буттаи ҳамешасабзи ғор буда, дар соҳили баҳри Миёназамин, баҳри Сиёҳи Кавказ ва соҳили ҷанубии Қрим мерӯяд. Дар аксари вақт баландии дарахти ғор ба 18 метр расида, синну соли он аз 400 сол болотар мешавад. Баландии дарахти ғор, ки баргҳои онро дар хӯрокпазӣ истифода мебаранд, 3 метр мебошад. Оё шумо медонед, ки дар замонҳои қадим барги ғорро дар об ҷӯшонида, бо он об дастонро пеш аз истеъмоли таом мешустанд. Барги ғорро болои дари даромад меовехтанд, бо умеди он, ки ба он хонадон таъсири чашми бад нарасад. Танҳо дар асри якуми мелодӣ барги ғорро ба хӯрок ҳамроҳ мекардагӣ шуданд. Дар замони мо ҳам барги ғорро ҳангоми хӯрокпазӣ васеъ истифода мебаранд. Дар таббоҳӣ махсусан баргҳои сабзи хушбӯй ва талхмаззаи он пурқимматанд.
  • Чӣ тарз бояд барги ғорро интихоб кард?
Ҳангоми харидорӣ намудан ба қуттии барги ғор аҳамият диҳед. Дар он бояд муҳлати нигоҳдории барги ғор муайян карда шуда бошад. Агар барги ғор куҳна шуда бошад, хӯрокатон маззаи талхро мегирад;
Мувофиқи талаботи стандарт дар қуттии барги ғор на бештар аз 6% шохчаҳо, то 3% баргҳои зардчатоб шуданаш мумкин аст;
Дарозии барги ғор 5-6 см буда, васеъгиаш 2-3 см бояд ташкил диҳад.

Агар шумо барги ғорро дуруст интихоб намоед, таоматон дорои таъму бӯйи хуш мегардад. Онро ба шӯрбо, карамшӯрбо, таомҳои аз гӯшти гову гӯсфанд дампазшуда, ба моҳии қимма ва ғайра андозед, хато намекунед. Одатан, барги ғорро ба таомҳои якум 5 дақиқа пеш аз пухтан, ба таомҳои дуюм 10 дақиқа пеш аз тайёр шудан меандозанд; дар ҳолати барвақттар андохтан таъми хӯрок талх мегардад. Дар хотир доред, ки танҳо ба таомҳои аз парандаҳо тайёр карда шуда, барги ғорро ҳамроҳ намекунанд. Барги ғорро, албатта дар зарфи сарпӯшдор ва ҷойи хушк нигоҳ доред, то ки он намиро ба худ нагирифта, бӯйи худро гум накунад. Барги ғорро барои табобати бемориҳои ревматизм, асаб, дарди буғумҳо низ васеъ истифода мебаранд.[2]