Jump to content

Барқи Тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Барки Тоҷик)
Барқи Тоҷик
Навъ ширкати тиҷорӣ ва ширкат[d]
Таъсисёбӣ 1993
Макон
Сайт barqitojik.tj

«Барқи Тоҷик» — ширкати саҳҳомии холдингии кушода (ШСХК).

Таърихи таъсис

[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз калонтарин ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон, ки июли 1992 дар заминаи Саруправленияи энергетика ва электрикунонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон («Тоҷикглавэнерго») таъсис ёфтааст. То с. 2001 Ширкати давлатии саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» ном дошт. Соли 2001 ба ШСХК «Барқи Тоҷик» табдили ном кард. 25 окт. 2000 Вазорати энергетикаи ҶТ таъсис ёфт ва 19 январи 2004 ШСХК «Барқи Тоҷик» ба дастгоҳи марказии Вазорати энергетика шомил карда шуд. Марти 2006 Дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» аз Дастгоҳи марказии Вазорати энергетика бароварда шуд ва боз мустақил гардид. Ширкат асосан истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, азнавтабдилдиҳӣ ва фурӯши барқу гармиро ба амал мебарорад. «Барқи Тоҷик» ба мақомоти марбутаи давлатӣ дар бораи коркард ва такмили самтҳои зерин пешниҳодҳо менамояд:

  • оид ба қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳо барои таъминоти бехатарии истеҳсолот, интиқол, таҳвил, тақсимот ва фурӯши барқу гармӣ, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ;
  • оид ба сиёсати нарх, тариф, сиёсати инвеститсионӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ дар энергетика;
  • оид ба тартиби иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика ва ғ. ШСХК «Барқи Тоҷик» дар асоси ҷорӣ кардани технологияи пешқадам барои афзудани самаранокии фаъолият чораҳо андешида, ҷараёни рушди бемайлони эҳтиёҷот ва дархост ба нерӯи барқу гармиро меомӯзад.

11 ҷамъияти саҳҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳои барқии пойхтахт ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ (Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб, Турсунзода, Ёвон, Данғара, Исфара) тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошанд.