Баррӯшон
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | ВМКБ |
Ноҳия | Рӯшон |
Ҷамоат | Деҳоти Назаршо Додхудоев |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1772 тан (2012) |
Миллият | тоҷикон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
Баррӯшон — деҳа, маркази ҷамоати Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон. Дар соҳили дарёи Панҷ, дар сари роҳи автомобилгарди Душанбе — Хоруғ воқеъ аст. Ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Баррӯшон». Аз Баррӯшон то маркази ноҳия 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1772 нафар (2012), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернат, китобхона, муассисаи фарҳангию фароғатӣ, кинотеатр, бунгоҳи тиббӣ, ошхона ва нуқтаҳои хидмати маишӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ ба воситаи наҳр обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баррӯшон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.