Jump to content

Вилояти Бағлон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бағлон (вилоят))
Вилояти Бағлон
38° с. ш. 68° в. д.HGЯO
Кишвар Афғонистон
Маркази маъмурӣ Пули Хумрӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 21 118 км²
Баландӣ
2 013 м
Вақти минтақавӣ UTC+04:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 AF-BAM
Вилояти Бағлон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бағлóн (дарӣ: بغلان Baġlān, пашту: بغلان‎) — вилоят дар шимолу шарқии Афғонистон, дар сари роҳи автомобилгарди Кобул – Хонобод. Маркази маъмуриаш Пули Хумрӣ.

Дар ғарб бо вилояти Самангон, дар шимол бо Қундуз, дар шимолу шарқ бо Тахор, дар ҷанубу шарқ бо Панҷшер, дар ҷанубу ғарб бо Бомиён, дар ҷануб бо Парвон ҳамсарҳад аст. Бағлон дар наздикии соҳили дарёи Қундуз дар баландии 500 м аз с. б. ҷой гирифтааст.

Бағлон дар асарҳои қадимии ҷуғрофӣ бо номи Бекбонул ва Бағулоғу ҳам ёд шудааст. Мутобиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ  Бағлон дар аҳди Кушониён бунёд гардидааст. Номи ин шаҳр дар китобе ба забони бохтарӣ ва хатти юнонӣ, ки аз харобаҳои маъбади Сурхкӯтал (маъруф ба Кофирқалъа) пайдо шуда буд, ёд мешавад. Мутобиқи иттилои маъхазҳои таърихии асримиёнагӣ Бағлон аз шаҳрҳои Тахористон дар навоҳии Балх ба шумор мерафт.

Вилояти Бағлон соли 1964 дар натиҷаи тақсимоти собиқ вилояти Қатаған ба вуҷуд омадааст. Аз августи 1998 то 2001 вилоят зери итоати Толибон қарор дошт.

Аҳолиаш 745 ҳазор нафар (2011). Дар вилоят ҳазораҳо (15%), тоҷикон (55%), пуштунҳо (20%), ӯзбакҳо (9%) ва дигар миллатҳо зиндагонӣ мекунанд.



Вилоятҳои Афғонистон

БағлонБадахшонБалхБодғисБомиёнВардакҒазнӣҒӯрДойкундӣЗобулКобулКописоҚундузКунарҚандаҳорЛағмонЛӯгарНангарҳорНимрӯзНуристонПактикоПактиёПанҷшерПарвонСамангонСарипулТахорУрӯзгонФароҳФориёбХустҲелмандҲиротҶӯзҷон