Jump to content

Баҳси корбар:Сергап

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Сергап!

викисафар

[вироиши манбаъ]

Салом ман куб невештан нъметаванам. Акнун бапоуъе забоне Таҷзки дарқост додам. Лотфан назарзе мосбат ведаҳъд.

[1]

--Doostdar (talk) 11:28، 4 Феврал 2015 (UTC)

Салоом Doostdar. Шодам, ки бо Шумо шинос шудам. Бубахшед, ман дар Википедиа навёдгир астам. Чунон ки ман медонам, Ibrahim ҷавоб дод. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 17:50، 4 Феврал 2015 (UTC)

Мӯҳтарам Сергап. Ман дархост ба унвони мудир додам ва аз шумо хоҳишмандам, ки дар ин ҷо тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром,--Aryan 13:09، 1 Июн 2015 (UTC)

Салом дӯсти азиз, барои илтифотатон ташаккур ва аз истиқболи гарми шумо хеле мамнунам. Албатта ман тарафдорӣ мекунам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 08:54، 2 Июн 2015 (UTC)
Ташаккур. Бо эҳтиром, Aryan 14:37، 2 Июн 2015 (UTC)

Корбарони гумном

[вироиши манбаъ]

Дӯстам, дар саҳифаҳои корбарони гумном, шаблони {{Хуш омадед}}-ро намегузоранд. Бо эҳтиром,--Aryan 14:35، 9 Июн 2015 (UTC)

Мебахшед, ман аз ин қоида бехабар будам. Зимнан бояд гуфт, ки Википедиаҳо ба забонҳои хориҷӣ одати дигар доранд (масалан [2], [3] ва ғайра). Бо эҳтиром, Сергап (talk) 15:25، 9 Июн 2015 (UTC)

назархоҳӣ

[вироиши манбаъ]

салом. дӯсти гиромӣ лутфан дар Инҷо ширкат кунйд. бо эҳтиром Дирафши Ковиёнӣ (Баҳс) 21:45، 19 Август 2015 (UTC)

Равем набошад, даст бардорем. --Сергап (talk) 17:04، 22 Август 2015 (UTC)

Ҷавоб ба савол

[вироиши манбаъ]

Салом,бародари азиз,узр мехоҳам,ки бе розигии Шумо маӄолаатонро каме таҳрир кардам,аз ҷумла ному насаби устодро.Барои лутфатон нисбат ба устод сипосгузорам.Банда низ ин маӄсадро доштам ва шодам,ки Шумо онро амалӣ гардондед,бароятон барори кор хоҳонам.--Фарогат Искандарова (talk) 07:43، 11 Феврал 2016 (UTC)

Узр мехоҳед? Шояд Шумо мутоиба карда бошед! Хуб, ман одами ҳазлбардор ҳастам Агар як мақола дар ВП ислоҳ карданӣ бошед, ба Шумо ризоияту иҷозати муаллифи мақола лозим намешавад: Бемалол таҳрир кунед! Ман худам бояд аз корбарони Википедияи тоҷикӣ узрхоҳӣ намоям, азбаски тоҷикиро хуб намедонам. Ман одатан саҳву хатоҳо мекунам, Шумо бошед устоди забардасти забоншиносии тоҷик ҳастед. Барои ислоҳ кардани хатоҳоям раҳмати калон ба Шумо. Дар хусуси устод Ҳошимов мегӯям, ки форсӣ ба ман бисёр маъқул аст ва аз ин сабаб ҳар касе, ки ба ин забон машғул мешавад, барои ман аҳамияти муҳим дорад. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 01:19، 12 Феврал 2016 (UTC)

Ҷавоб ба саволи 2

[вироиши манбаъ]

Бародари азиз,ба ростӣ то ҳол чунин саволро нашунида будам,хушҳол кардед.Ба ман ҳар хел муроҷиат мекунанд: муаллима,Фароғат Додобоевна,хонум Фароғат ва ҳатто апаи Фароғат.Барои банда муҳим он аст,ки муроҷиат самимиву бо меҳр бошад.Дар мавриди мақола дар бораи устод Ҳошимов ягон хизмати назаррасе накардаам,қобили ташаккур нест.--Фарогат Искандарова (talk) 17:45، 11 Феврал 2016 (UTC)

Барои фаҳмондани Шумо ташаккур, муаллимаи гиромӣ. Ман барои он суол додам, ки ба Тоҷикистон ҳеҷ нарафта будам. Ман фақат дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик истиқомат мекунам ва баъзан гуфтугӯяшонро мешунавам. Ҳамин тавр, ман забони тоҷикию одатҳои Тоҷикистонро қариб намедонам. Таҳрир кардани мақола дар бораи устод Ҳошимов аз тарафи Шумо арзиши ташаккур нест-мӣ? Не, баръакс! Шумо хатоҳои грамматикии маро ислоҳ кардед ва ба ин восита имкон додед, ки тоҷикиро беҳтар ёд гирам. Барои ин маслиҳати муфидатон аз Шумо миннатдорам. Ғайр аз он ташаккур, ки Шумо бо ман ба забони адабӣ гап мезанед. Дар вақте ки тоҷикон ба лаҳҷаҳояшон гап мезананд, ман ҳеҷ чиз намефаҳмам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 01:28، 12 Феврал 2016 (UTC)
P.S. Ман медонам, ки тоҷикон (масалан дар Панҷакент) мегӯянд: “шимо” ба ҷои “шумо”, “не, ман хонаба” ба ҷои “не, ман дар хона (ҳастам)” (ба саволам “Алло, ту дар куҷо ҳастӣ? Дар кор?”), “наметонум” ба ҷои “наметавонам”, “бидеҳт” ба ҷои “бидиҳед” ва ғайра. Боре дар мактаб як зани аз Панҷакент (ё Хуҷанд, дар омади гап ҳамноми яке аз олимони шинохтаи Тоҷикистон) омадагӣ ба ман гуфт: «Я не поняла, а где наши дети?» — “Хонум, ман ҳам мунтазири бачагон. Синфи якум ҳанӯз (аз саёҳат) наомадааст”. — “Чӣ? Наомáди?” Ин чист? Ман чунин лаҳҷаҳоро аҷиб ҳисоб мекунам ва тамоман намефаҳмам. Ба фикрам, фаҳмидани лаҳҷаҳои Тоҷикистон аз имкон берун аст.

Ҷавоб ба саволи 3

[вироиши манбаъ]

Мухтарам коргар, аз тарзи гуфтор ва вироиши мақолаатон маълум аст, ки Шумо тоҷики асил ҳастед (зодаи шаҳри бостонии Панҷакент ё Конибодом) , маълумоти олӣ доред ва шӯхиро дӯст медоред.Китоби банда ва устод Ҳошимов дар китобхонаи Донишгоҳи славянӣ ва баъзе мағозаҳои китоб дар фурӯш мебошад.Дар дасти камина як нусха боқӣ мондааст,метавонам ба Шумо расонам ( аммо намедонам чӣ тавр). Бо эҳтиром --91.231.253.104 14:17، 12 Феврал 2016 (UTC)

Барои таърифатон ташаккур, гарчанде ки шумо муболиға мекунед. Агар тоҷики асил мебудам, китоби дарсии форсӣ намехаридам: “Лаъл ба Бадахшон намебаранд”. Шумо мегӯед, ки китоби дарсиатон дар китобхонаи Донишгоҳи славянӣ ҳаст? Ин рӯз барин равшан аст. Чунон ки дар Тоҷикистон мегӯянд, “Он чӣ ки аён аст, чӣ ҳоҷати баён аст”. Китобхонаи донишгоҳе, ки китобе ба табъ расондааст, албатта ақаллан як нусхаи он дорад. Гап дар ин аст, ки ман дар шаҳри Душанбе ва умуман дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомат надорам. Аз ин сабаб имкон надорам, ки хоҳиши китобхонаатон рафтан ба ҷо орам.
Хайрият, ки (ба гуфти Шумо) китобатонро дар мағозаҳои Тоҷикистон мефурӯшанд. Аз ин мебарояд, ки ин китобро метавон харид. Лекин ман худам ба ин мағозаҳо рафта наметавонам. Агар ба онҳо равам, ба ман ҳавопаймо лозим мешавад Маро аз Шумо ҳазорҳо км ҷудо мекунанд ва вақти парвоз аз шаҳрам то пойтахти Тоҷикистон чору ним соат аст. Ба сомонаи eBay рафтам, то китоби дарсии Azim Baizoyev харам. Лекин ман ҳарчанд кӯшиш кардам, Интернет-мағозаҳои Тоҷикистон (мисли Amazon ё Озон)-ро ёфта натавонистам. Ман медонам, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон мағозаи китобфурӯшӣ дорад, аммо ана натиҷаҳои ҷустуҷӯям: Искандарова учебник, Хашимов учебник.
Бинобар ин камина аз Шумо хоҳиш мекунад. Шумо касеро, ки барои ман китабатонро мехаред ва ба хориҷа мефиристед, нишод дода метавонед? Ман медонам, ки китоби дарсию луғатҳои форсӣ гаронанд. Боке нест. Агар Шумо худатон як нусхаи китоб доред, ман ба Шумо аз тариқи имейл нишонаи пӯштаамро мегӯям ва пул медиҳам. Чӣ тавр? Масалан ба воситаи “Western Union”, «Золотая Корона», PayPal ва ғайра. Лекин Шумо бояд дар Википедияи тоҷикӣ ҳисоби худро созед. Фақат дар ин сурат ман ба Шумо хат карда метавонам. Ба саҳифаи яке аз корбарони ВП тоҷикӣ даромада, ясоран нигоҳ кунед. Онҷо “Ҷаъбаи абзор”-ро дида метавонед: “Пайвандҳо ба ин саҳифа”; “Тағйироти монандӣ”; “Ҳиссагузории корбар” ва ғайра. Агар ҳисоби худро созед ва нишонаи почтаи электрониатонро тасдиқ кунед, Шумо абзори навро мебинед: “Фиристодани email ба ин корбар”. Ин тугмаро пахш карда, ман ба Шумо имейл мефиристам. Албатта ман ба шарте ин корро мекунам, ки Шумо ба ман рухсат диҳед. Барои кӯмататон қаблан сипосгузорам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 21:48، 13 Феврал 2016 (UTC)
P.S. Агар ба таври дилхоҳ нагӯям, узр мехоҳам, устоди мӯҳтарам. Охир тоҷикӣ забони модариам нест.

Доир ба китоби дарсӣ

[вироиши манбаъ]

Бародари азизам,ман китоби дарсиро ба Шумо туҳфа карданиям,на фурухтанӣ.Аммо китобро чӣ тавр дастраси Шумо гардонам? Ба куҷо фиристам,ба воситаи кӣ,намедонам.Ба ин масъала равшанӣ андозед.Бо эҳтиром--Фарогат Искандарова (talk) 08:18، 15 Феврал 2016 (UTC)

Муаллима Фароғат, лутфатон зиёд аст. Раҳмати калон, ки Шумо кумак расонданӣ ҳастед. Хеле хурсандам. Ман ба Шумо мактуб фиристодам. Шояд Шумо мактубамро қабул карда бошед. Ман хариданиам ва қобили тӯҳфа нестам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 22:31، 15 Феврал 2016 (UTC)

Доир ба мактуб

[вироиши манбаъ]

Мактубатонро хондам.Шахсе,ки нисбат ба забони модарии ман ин қадар ҳусни таваҷҷуҳ дорад,қобили ҳама гуна туҳфа аст.Ман интизори суроғаи Шумо.Бо эҳтиром --Фарогат Искандарова (talk) 14:48، 16 Феврал 2016 (UTC)

Пас Шумо мактубамро гирифтед, аммо ҷавобатон надодед. Барои чӣ? Бубахшед, ман намехоҳам, ки дар ин саҳифа суроғаи хонаамро нависам. Ман фақат аз тариқи имейл дар бораи ман хабар медиҳам:

Агар хат кунед, мо ҳамаи масъалаҳо (ба куҷо фиристодан ва интиқоли пул)-ро маслиҳат мекунем. Ман мунтазири номаи Шумо. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 00:17، 17 Феврал 2016 (UTC)

Доир ба ирсоли китоб

[вироиши манбаъ]

Муҳтарам,Корбар!Китоб ба воситаи почта фиристода шуд.Аммо,мутаассифона,танҳо баъд аз се ҳафта дастраси Шумо мешавад.Маблағи интиӄол кардаатонро гирифтам, то ин ки наранҷед.Дигар маблағ нафиристед, чунки туҳфаро намехаранд, ман меранҷам.Бар замми ин боварии комил надорам, ки ин китоб ба Шумо писанд меояд.Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 07:04، 19 Феврал 2016 (UTC)

Раҳмати калон, устоди гиромӣ. Хеле хурсандам. Ғайр аз он интиқоли пуламро (15 феврал) барои иди порсӣ гузарондам ва табрик кардан мехостам. Бо эҳтиром. -- Сергап (talk) 14:56، 19 Феврал 2016 (UTC)
Логотип «Мета-вики»
Логотип «Мета-вики»
Дар «Мета-вики» саҳифаи «Grants» ҳаст

Доир ба насаби Саъдиев

[вироиши манбаъ]

Намедонам ба Шумо мактуби ман доир ба имлои "ъ" расид,ё не? Ҳанӯз равиши кори Википедияро хуб намефаҳмам.Дар куҷое фикрамро навиштам ва ба Шумо фиристодам.--Фарогат Искандарова (talk) 14:55، 16 Феврал 2016 (UTC)

Ба тарафи чап нигоҳ кунед. “Ҷаъбаи абзор”-ро мебинед? Онҷо тугмаи “Фиристодани email ба ин корбар” ҳаст. Ин тугмаро пахш карда, паёматон ба корбар фиристода метавонед. Ё аз Корбар:AryanSogd пурсед. Вай аз ман дида беҳтар фаҳмонида метавонад, азбаски тоҷикӣ забони модариаш аст. --Сергап (talk) 00:20، 17 Феврал 2016 (UTC)

Салом корбари азиз. Ман барои Корбар:Ximik1991Bot дархост ба унвони бот додам ва аз шумо хоҳишмандам, ки дар ин ҷо тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром, --Химик1991 (talk) 19:17، 26 Феврал 2016 (UTC)

Даъватнома

[вироиши манбаъ]

Дӯсти гиромӣ, лутфан дар инҷо ва инҷо ширкат варзед, Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 19:06، 27 Феврал 2016 (UTC)

Доир ба китоби ирсолшуда

[вироиши манбаъ]

Ассалому алайкум, муҳтарам корбар. Шумо хуб ҳастед? Он китоби дарсӣ мебоист дар давоми 3 ҳафта ба Шумо мерасид.Ба фикрам, ҳанӯз нарасидааст. Лутфан, расидан пас ба камина хабар диҳед. Қаблан сипосгузорам. Бо эҳтиром --Фарогат Искандарова (talk) 02:19، 17 Март 2016 (UTC)

Салому дуруд, мӯҳтарам устод. Барои меҳрубониатон ташаккур. Бале, китобатон ҳанӯз наомадааст. Ин паёми шуморо қабул карда, ман имрӯз ба пӯштахона рафтам ва дар бораи равонак пурсидам. Маъмурзани пӯштахона ба ман гуфт, ки хеҷ равонак ба ман нарасонида буд. Гап дар ин аст, ки равонакҳо аз хориҷа (масалан аз Amazon.co.uk) ба Маскав дар андак муддат расонида наметавонанд. Ман одатан дар давоми якчанд моҳ (на 2-3 ҳафта) интизор мешавам. Китоби дарсиатон ки омад, ман аз он дар ВП истифода бурдан мегирам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 21:26، 17 Март 2016 (UTC)

Табрикнома

[вироиши манбаъ]

Фарорасии Наврӯзи аҷамро, ки бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад, бароятон табрик намуда, амалӣ гардидани олитарин орзуву умеди Шуморо таманно дорам. Бо эҳтиром--Фарогат Искандарова (talk) 03:45، 21 Март 2016 (UTC)

Барои табрикатон раҳмати калон ба Шумо, устоди мӯҳтарам. Афсӯс, ки матни табрикномаи Шуморо қариб намефаҳмам, азбаски имрӯз навбатдор ҳастаму луғатам танҳо хонаба дорам. Ҳамин ки ба хона омадам, табрикномаи Шуморо ба воситаи луғат хонда мебароям. Бахшиш, ман то ҳоло надонистам, ки имрӯз дар Афғонистон ва Тоҷикистон иди бузург мешавад ва Наврӯз ба 21-уми март рост меояд. Дар ин сурат ман ҳам Шуморо ба муносибати Наврӯз аз таҳти дил табрик мегӯям. Барори кор! Идатон муборак шавад, устоди гиромӣ. Бо эҳтиром. Сергап (talk) 14:14، 21 Март 2016 (UTC)
Ташаккури зиёд, дар ҳар сурат Шумо забондони хуб ҳастед, ҳамкори азиз, офарин. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 05:22، 22 Март 2016 (UTC)

٦

Раҳмат, раҳмат, хеле хурсандам, ки чунин гапро аз муаллимаи забони тоҷикӣ мешунавам Бо эҳтиром. Сергап (talk) 17:47، 22 Март 2016 (UTC)

Табрикнома

[вироиши манбаъ]

Табрикоти манро низ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз қабул намоед. Ташаккур барои ҳамкорӣ дар лоиҳаи ВК тоҷикӣ! Умедворам, ки ҳамкории Шумо дар ВК тоҷикӣ, минбаъд ба чандин шиносномаҳои ҷолиби тарҷумаи мақолаҳо (махсусан: олимон, адибон ва диг. шахсиятҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ, аз русӣ ба тоҷикӣ ва баръакс) ҳал хоҳад кард.

Бо самимияти дустӣ ба Шумо:

« Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
»

Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 04:53، 22 Март 2016 (UTC)

Ташаккур, мӯҳтарам устод. Ба Шумо ҳамчунин! Аз табрикоту пазироии самимии Шумо хеле мамнунам. Ман ҳам як шеър оид ба дӯстӣ иқтибос овардан мехоҳам:
« Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
»

Акнун ба ман маълум аст, ки 21 март Наврӯз дар кишваратон васеъ таҷлил мегардад. Дирӯз ман аз ин бехабар будам ва акнун медонам, ки ин идро хурду калони Тоҷикистон хурсандона пешвоз мегиранд ва дар хонаҳояшон сари дастархони пурнозу неъмат пазироӣ мекунанд. Гарчанде ки ман дар Тоҷикистон набудам, ман мумкин аст чунин рӯзро ҳам ҷашн гирам ва мехоҳам, ки Шиморо бо Наврӯз табрик кунам. Ба Шумо хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям! Бо эҳтиром. Сергап (talk) 18:11، 22 Март 2016 (UTC)

Ташаккур, хонаобод бошед.--Шухрат Саъдиев (talk) 06:42، 23 Март 2016 (UTC)

Дӯсти гиромӣ, лутфан дар инҷо ширкат варзед, чун ба беҳбудии таҷҳизоти лоиҳа ва мубориза бар зиди харобкорон аҳамияти калон дорад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 11:26، 27 Март 2016 (UTC)

Дастурамал

[вироиши манбаъ]

Дӯсти мӯҳтарам, лутфан, бо ин лоиҳаи дастурамал шинос шуда дар қабул кардан, ки аз 10 то 17 апрели соли 2016 дар инҷо мегузарад, ширкат варзида, дар зерсаҳифаи интихобкарда (тарафдор, муқобил ва ё худдорӣ) шарҳ диҳед. Агар ягон камбудӣ пайдо кардед, аз пешниҳоди ислоҳи онҳо дар овоздиҳӣ шарм накунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:31، 4 Апрел 2016 (UTC)

Арзи сипос

[вироиши манбаъ]

Ташаккури зиёд, дӯсти азиз Хушгап! Ба Шумо низ, ки донандаи хуби забони тоҷикӣ ҳастед, ин ид муборак бошад. Доимо сиҳату саломат, хушбахту хушвақт ва дар ҳалқаи наздикону дӯстонатон бошед. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 08:20، 5 Июл 2016 (UTC)

Раҳмати калон, муаллимаи гиромӣ. Саломатиам хуб аст, аммо беҳтарин тӯҳфае, ки аз тарафи Шумо қабул кардаам, китоби дарсиатон мебошад. Омӯхтани ин китоб ба ман бисёр маъқул аст ва барои азхудкунии забон фоидаи зиёд дорад. Боз як бор ташаккур ба Шумо. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 11:02، 5 Июл 2016 (UTC)

Ид муборак

[вироиши манбаъ]

Ассалом ҳамкор! Идатон муборак бод! Бо эҳтиром-- Ҷалолиддин(talk) 09:45، 5 Июл 2016 (UTC)

Раҳмат, ҳамкорам. Ба Шумо ҳамчунин. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 11:04، 5 Июл 2016 (UTC)

Ташаккур барои табрикот. Иди Соли Нав ба Шумо ҳам муборак бошад!  — Ҳамин қайд аз ҷониби корбар Шухрат Саъдиев (б · ҳ) 31.12.2016 илова карда шуд

Соли Нави милодӣ

[вироиши манбаъ]

Барои табрикот ташаккури зиёд, муҳтарам Ҳамкор. Сопи Нав ба Шумо низ муборак бошад! Бигузор ин сол бароятон хеле бобарор гардад.--Фарогат Искандарова (talk) 12:23، 2 январи 2017 (UTC)

Ташаккури зиёд, муаллима. Ба туфайли китоби дарсиатон ман акнун медонам, ки калимаи "бароятон" чӣ маънӣ дорад! --Сергап (talk) 19:04، 2 январи 2017 (UTC)

Бубахшед, ки дер боз ба саволатон посух надодам. Мисраҳои пурсидаатон аз нусхаи "Калила ва Димна" (забони арабӣ) ба забони форсӣ аз ҷониби Рӯдакӣ ба назм дароварда шудаанд. Муфассал: Калила ва Димна. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 17:10، 23 январи 2017 (UTC)

Иди Наврӯз муборак!

[вироиши манбаъ]
Сабзаи Наврӯзӣ

Дӯсти гиромӣ Шумо ва наздиконатонро бо фарорасии Иди Наврӯз табрик мекунам!

«

Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,

Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
»

Дар дастархони оилаатон, доимо дастархони “ҳафтшин” : шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, шароб ороста бошад. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 17:36، 18 Март 2017 (UTC)

Иди Наврӯз-2019 муборак!

[вироиши манбаъ]
Сабзаи Наврӯзӣ

Дӯсти гиромӣ Шумо ва наздиконатонро бо Иди Наврӯз-2019 табрик мекунам! Доимо саломату хонаобод бошед!

Бо эҳтиром ----Шухрат Саъдиев (talk) 15:34, 26 марти 2019 (UTC)[ҷавоб додан]

Ташаккур Ташаккур Раҳмати калон, устоди мӯҳтарам! Ба Шумо ҳамчунин. Бо эҳтиром --Сергап (talk) 11:59, 27 марти 2019 (UTC)[ҷавоб додан]

Саҳифа дар Facebook

[вироиши манбаъ]

Мӯҳтарам дӯсти Википедияи тоҷикӣ! Аз Шумо лутфан хоҳише дорам, ки агар бемалол бошад дар саҳифаи Википедияи Тоҷикӣ — Tajik Wikipedia facebook.com ширкат варзед. То, ки мо бо Шумо дар тамос бошем. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 14:29, 27 марти 2019 (UTC)[ҷавоб додан]

Барои даъватнома ташаккури зиёд! --Сергап (talk) 21:05, 28 марти 2019 (UTC)[ҷавоб додан]

Иди Наврӯз-2020 муборак!

[вироиши манбаъ]

Бо Иди Наврӯз Шумо ва наздиконатонро муборакбод намуда саломатӣ, вақти хуш ва хонаободии оилаатонро таманно дорам. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (баҳс) 05:14, 24 марти 2020 (UTC)[ҷавоб додан]

Ташаккур Ташаккур Ба Шумо ҳамчунин. Бо эҳтиром. --Сергап (баҳс) 11:02, 24 марти 2020 (UTC)[ҷавоб додан]