Зарафшон (деҳа, н. Ҷаббор Расулов)
| Деҳа | |
Зарафшон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Ҷаббор Расулов |
| Ҷамоат | Деҳоти Сомониён |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 4918 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3455 |
Зарафшон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Зарафшон то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4918 нафар (2017).
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]| Сол | 2010[1] | 2020[1] |
| Аҳолӣ | 2601 | 5183 |
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, дорухона, китобхона, хонаи фарҳанг, маркази савдои ҷамъияти матлубот, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2 масҷиди ҷомеъ, 5 масҷиди панҷвақта, 2 сартарошхона, 2 чойхона ва боғчаи бачагон дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо тавассути наҳри Хоҷабоқирғон аз рӯди Сир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Бобохон Ҳамдамов, 807 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон Полвон Амонов, шоир Усмон Назир, ходими давлатӣ Бобохон Ҳамдамов дар ҳамин деҳа ба камол расидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарафшон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2